Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди фавтидагон аз КОВИД-19 дар Русия бештар шудааст


Як бемористон дар Русия
Як бемористон дар Русия

Рӯзи 10-уми июл 752 нафар пас аз сироят ба коронавирус дар Русия даргузаштаанд. Дар як моҳи ахир теъдоди гирифторон ва афроди фавтида аз коронавирус дар Русия бештар шудааст.

Рӯзи гузашта дар ин кишвар беш аз 25 ҳазор нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтаанд.

Моҳи июн баландтарин омори гирифторон нӯҳ ҳазор нафар буд, вале дар моҳи июл ин рақам аз 20 ҳазор бештар шуд.

Дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик кор мекунанд, ки вазъи ин кишвар ба кору зиндагии онҳо низ таъсир мерасонад. Соли гузашта дар пайи маҳдудиятҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳазорон муҳоҷири тоҷик ҷойи кори худро аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG