Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 монеи ташхису табобати занони ҳомила дар Тоҷикистон шудааст. ВИДЕО


Пажӯҳишгарони тиб дар Тоҷикистон мегӯянд, пандемияи COVID-19 ба саломатии бисёре аз қишрҳои аҳолӣ, хосатан занони ҳомила ва тифлони навзод осеб расонд. Бинобар омори расмӣ дар нӯҳ моҳи соли 2020 дар Тоҷикистон 1608 нафар тифли навзод вафот кардаанд, ки дар қиёс ба соли пешин сад нафар бештар будааст. Сабаб ба гуфтаи пажӯҳишгарон пандемия аст, ки монеи ташхису табобати занони ҳомиладор шуд.

Абдусалом Воҳидов, доктори илмҳои тиб, рӯзи 10-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "фавти ҷанин дар батни модар зиёд шудааст ва яке аз сабабҳояш паҳншавии бемории COVID-19 мебошад". Ӯ афзуд, ҳоло омори дақиқ рӯи даст нест ва феълан омӯзишу таҳқиқи сабабҳои фавти кӯдакон дар шароити пандемияро шурӯъ кардаанд, ки то чанд моҳи дигар дар ин самт оморҳоро маълум хоҳанд кард.

"Занҳо ҳангоми ҳомиладорӣ дар се давра зиёда аз 8 маротиба бояд ба маркази репродуктивӣ рафта, ҳомиладорияшонро нигоҳубин кунанд, лекин дар шароити пандемия ташхиси занон кам шуд. Зеро занҳои ҳомила хостанд худро муҳофиза кунанд, ки гирифтори коронавирус нашаванд. Дигар ин, ки табибон барои кор дар байни аҳолӣ дар давраи пандемия равона шуда буданд ва натавонистанд сари вақт кӯмаки лозимаро расонанд"-, афзуд Абдусалом Воҳидов.

Баъзе аз занҳо тасдиқ мекунанд, ки дар шароити пандемия коронавирус ба беморхона рафтану аз ташхисҳои ҳатмии ҳомиладорӣ гузаштан кори осон нест. Шабнам, як сокини шаҳри Душанбе дар чаҳорумин моҳи ҳомиладорӣ тифлашро аз даст додааст. Мегӯяд, дар шароити пандемияи коронавирус шиддати равонӣ ё стресс, тарсу ҳарос ва зиёд банд будани табибон боис шуд, ки баъзе муоинаҳои ҳатмиро нагузарад.

"Вақти карантин дар беморхона беморони зиёде буданд, фикр мекардем, ки бо рафтан ба он ҷо ҳамин беморирӣ мегузарад, бори аввал барои аз ташхис гузаштан рафтам, табибон бештар беморони коронавирусро қабул мекарданд, тарсидам ташхис нагузашта ба хона баргаштам"-, гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Оё хавфи занони ҳомилаи тоҷик аз сирояти коронавирус асосе дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Шабнам сабаби дақиқи марги тифлашро намедонад ва онро ба тарси зиёд вобаста медонад. Баъзе табибон мегӯянд, коронавирус аз зани ҳомила ба тифли батнаш намегузарад, вале дар давраи пандемия таҷриба нишон дод, ки омилҳои дигаре ҳастанд, ки кӯдакон қабл аз таваллуд осеб мебинанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 230 зани ҳомила ба COVID-19 олуда шудаанд. Ба қавли табибон, занҳои ҳомила ба гурӯҳи хавф дохил мешаванд ва бояд бештар мутаваҷҷеҳи худу тифлашон бошанд. Табибон тавсия медиҳанд, ки занҳои ҳомила бо риояи қойдаҳои беҳдоштӣ бояд сари вақт аз муоинаҳои ҳатмии давраи ҳомиладорӣ гузаранд.

Ҳоло як гурӯҳ пизишкон таҳти роҳбарии Абдусалом Воҳидов бо омӯзиши он машғуланд, ки коронавирус ба ҳомиладорӣ чӣ таъсир дошта метавонад.

Ба қавли Абдусалом Воҳидов, то кадом андоза коронавируси нав ба инкишофи кӯдак таъсир мерасонад, ҳоло дақиқ нест. Вай таъкид намуд, гурӯҳе аз табибон таҳти роҳбарии ӯ омӯзиши ин масъаларо сар кардаанд.

Равоншинос Гулчеҳра Тухсанова, бар ин назар аст, ки дар шароити пандемияи коронавирус афсурдагии занҳои ҳомила аз тарси гирифтор шудан ба ин бемори бештар шудааст: "Занҳои ҳомиладор меоянд, мегӯянд, муаллима ҳар дафъа давраи ҳомиладорӣ беҳтар мегузашт, ҳоло аҳволамон бад аст, баъзеяш мегӯяд, мумкин мемирам. Чунин тарсу воҳимае, ки доранд, аз он тифлашон осеб мебинад, ин вобаста ба ҳамин шароити коронавирус аст, ки тарси кӯдакро аз даст додан занҳоро ба ҳамин ҳолат гирифтор мекунад".

Ин равоншинос маслиҳат медиҳад, ки занҳо дар давраи обистан ё дуҷонӣ бештар ором бошанд, аз чизе натарсанд ва агар зеҳнашонро чашмдори ҳодисаи баде кунанд, баръакс ба саломатии худу тифлашон зарар хоҳанд расонид.

Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2020 дар Тоҷикистон фавти 1608 кӯдаки то сини як сола сабт шудааст. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш беш аз 100 ҳолат бештар аст.

Ба гуфтаи Вазорати тандурустии кишвар, дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 13 ҳазору 600 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, аз ин шумора ҳудуди 13 ҳазору 300 нафар шифо ёфтаанд. Ба иттилои ин ниҳод, аз ин беморӣ 95 кас ҷон додааст. Нобоварӣ ва шубҳа дар дурустии чунин оморҳо борҳо садо додааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG