Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамсинфонам ба мактаб мерафтанд, маро ба хонаи шавҳар бурданд"


Акс аз бойгонӣ

Насиба (номаш иваз шудааст) як сол пеш дар 17-солагӣ бо иҷозаи додгоҳ издивоҷ кард ва се моҳ қабл фарзанди нахустини худро ба дунё овард. Дар ҳоле ки ӯ модар шудаву ба тарбияи тифл оғоз кардааст, ҳамсолонаш ин шабурӯз барои шомил шудан ба донишгоҳ ва шурӯи соли нави таҳсил омодагӣ мегиранд.

Насиба дар яке аз ноҳияҳои атрофи Душанбе зиндагӣ мекунад ва шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст. Даҳ сол пеш падараш дар пайи бемории саратон фавтид ва ӯву чаҳор хоҳари дигарашро модар бо пули фаррошӣ ба танҳоӣ бузург кард. "Модарам ба танҳоӣ зиндагиро таъмин карда натавонист ва баъд аз хатми синфи нӯҳум нагузошт, ки ба мактаб равам. Бо машварати амаку аммаҳоям маро ба ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя ба шавҳар доданд. Он вақт ҳамсинфонам дар синфи даҳум мехонданд. Дар рӯзи туйи ман онҳо аз мактаб омада буданд", -- нақл кард ӯ.

Дар ним сол 190 издивоҷи бармаҳал

Дар Тоҷикистон издивоҷ аз ҳаждаҳсолагӣ иҷозат аст, вале ҷавонон метавонанд дар сурати зарурат бо дарёфти иҷозаи додгоҳҳо дар 16 ё 17-солагӣ ақди никоҳ банданд.

Соли гузашта ба монанди Насиба тақрибан 250 ҷавони 18-сола бо ризояти додгоҳҳо оиладор шудаанд. Мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, ин рақам дар шаш моҳи аввали имсол ба тақрибан 200 нафар расид. Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумита, рӯзи 29-уми июл дар нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "190 нафар сабт шудааст, ки инҳо ятим ё нимаятим буданд ва ба онҳо дар асоси қарори додгоҳҳо иҷозати издивоҷ дода шуд".

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ин падидаро ҳамчун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда, мегӯянд, издивоҷҳои бармаҳал ба маънои аз таҳсилу фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳо мебошад.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон синни издивоҷ аз 18-солагӣ муқаррар шудааст. Аммо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла ҳамли барвақт ё бемории шадиди наздикон, ҷавонон метавонанд бо иҷозаи додгоҳ дар 16 ё 17-солагӣ оиладор шаванд.

"Мехостам, парастор шавам, модар шудам"

Мақомот гуфта буданд, ки ин тағйирот пеш аз ҳама бо ҳадафи ҳифзи ҳуқуқи духтарон роҳандозӣ мешавад, то тавонанд дар синни балоғат ва огоҳона оила барпо кунанд. Як далели дигараш “ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва мусоидат дар таҳсили духтарон буд". Вале бо ин вуҷуд, баъзе аз хонаводаҳо барои издивоҷи пеш аз вақти духтар ва ё писари худ огоҳона шароит фароҳам мекунанд. Дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон ба таҳсили духтарон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва баръакс талош мекунанд, ки духтари қадрасро ҳарчӣ зудтар "бо обрӯ" ба хонаи “бахт” гусел кунанд.

Қаҳрамони гузориши мо Насиба мегӯяд, аз он афсӯс мехӯрад, ки натавонист мактаби миёнаро пурра бихонад ва ҳунареро аз худ кунад.

"Мехостам парастор ё ҳамшираи шафқат шавам, вале ин издивоҷ орзуи таҳсил дар дили маро хомӯш кард. Зиндагии духтаре, ки таҳсил кардааст, аз зиндагии ман, ки ҳамеша дастнигари пули шавҳару хонавода ҳастам, беҳтар аст. Вале модарам аз он тарс дошт, ки мабодо панҷ духтарро тарбият карда наметавонад ва кӯшиш кард маро бо сари баланд ба шавҳар диҳад", -- қисса кард ӯ.

Вай афзуд, дар оғоз аз ин издивоҷ нороҳат набуд, аммо вақте шавҳар арӯси шашмоҳаро танҳо монду ба Русия рафт, дарк кард, ки фурсати хонадорӣ барвақт будааст. Ҳоло ӯ бо пули фиристодаи шавҳари муҳоҷираш зиндагиро мечархонад.

Оилаҳои ноустувор?

Сабоҳат Маҳмадалиева, коршиноси Кумитаи кор бо занон, издивоҷҳои бармаҳалро "мушкили ташвишовар" номид. Ӯ гуфт: "Он оилаҳое, ки бар пояи издивоҷҳои бармаҳал бунёд шудаанд, мустаҳкам нестанд. Ба хотири он ки вақте духтар ва ё писар на бо хоҳиши худ, балки волидон барвақт издивоҷ мекунаду худаш соҳиби маълумот нест ва касбе надорад, ба чунин оилаҳо умед кардан мушкил аст".

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз ингуна издивоҷҳо талош доранд духтарону писарони ҷавон пеш аз оиладорӣ соҳибмаълумот шаванд. Вале гуфта нашуд, ки дар баробари ин ҳукумат чӣ иқдомҳоро рӯйи даст гирифтааст.

Аланна Армитаж, раҳбари минтақавии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Бунёди нуфуси СММ дар як изҳороташ дар аввали моҳи июл гуфт, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар ҷомеа ба бештари духтарон имконият медиҳад, аз издивоҷи бармаҳал канорагирӣ кунанд, таҳсили худро то ба охир идома дода аз имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ истифода намоянд.

"Ба духтарон набояд чун ба мол нигарем"

"Мо набояд нисбат ба занону духтарон чун моле, ки хариду фурӯш ва ё таҳти назорат бошад, муносибат кунем. Ба онҳо ҳамон гуна ҳуқуқ ва имкониятҳоеро, ки писарон ва мардон доранд, фароҳам оварем. Ҷомеаҳо бояд барои баробарҳуқуқии духтарон талош варзанд, то онҳо тавонанд таҳсили худро идома дода, касби ояндаи худро интихоб намоянд ва ҳаёти худро рушд диҳанд".

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи зан мегӯянд, мушкили аслии издивоҷҳои бармаҳал, танҳо ба шароити моливу камбизотӣ рабт намегирад ва чунин вазъ дар хонаводаҳои доро ҳам мушоҳида мешавад. Чун, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, аксар сарватмандон ба хотири бегона накардани сарвату дороии худ ба синни духтарон аҳамият намедиҳанд.

Насиба, қаҳрамони гузориши мо, мегӯяд, ҳарчанд худаш натавонист ба орзуҳояш расад, умед дорад, ки духтари ҳоло семоҳааш дар оянда онро амалӣ хоҳад кард. Вай аз таҷрибаи зиндагии начандон зиёди худ ба духтарони дигар машварат медиҳад, ки "таҳсил кунанд ва дар ҷомеа ҳамчун зани босавод мавқеъ дошта бошанд". Чизе, ки солҳо боз дар ҷомеаи Тоҷикистон такрор ба такрор садо медиҳад, вале зоҳиран амалӣ шуданаш мушкил аст ва ё ҳар касе то ба ин ҳолат гирифтор нашуд, дар ин бора намеандешад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (16)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG