Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус дар Тоҷикистон. 13868 кас бемор шуда, 104 нафар ҷон бохтаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабт шудани 34 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи гузашта боз як нафари дигар аз коронавирус фавтидааст ва бо ин теъдоди қурбониёни COVID-19 ба 104 нафар расид.

Тибқи иттилои расмӣ то 12-уми июл коронавирус ба 13 ҳазору 868 нафар сироят карда, 97 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Вале шубҳаву гумонҳо ба омори Вазорати тандурустӣ ҳамчунон боқист ва бархе мутахассисон мегӯянд, теъдоди воқеии гирифторон ва фавтидагон аз COVID-19 бештар аз оне аст, ки вазорат мегӯяд.

Мақомот аз моҳи январи имсол то охири моҳи июн пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст ва кишвар орӣ аз бемории ҳамагир аст. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки сокинон дубора ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG