Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир шарҳ дод, ки чаро нархи сабзӣ дар Тоҷикистон гарон шуд


барои гузориши нархи сабзӣ дар Осиёи Марказӣ
барои гузориши нархи сабзӣ дар Осиёи Марказӣ

Вазири кишоварзии Тоҷикистон сабаби болоравии нархи сабзиро дар кишвар ба сард омадани зимиcтон рабт дод, ки ба гуфтаи ӯ “ба ҳосили имсола ва нигаҳдории он таъсир расонд”.

Сулаймон Зиёзода рӯзи 12-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, нархи сабзӣ бо ворид шудани ҳосили нав ба бозор, ки аз 15-уми июл дар назар аст, пойин хоҳад рафт.

Ба қавли вазири тоҷик, ҳоло ҷамъоварии сабзӣ дар ноҳияҳои Деваштичу Истаравшани вилояти Суғд ва баъзе навоҳии вилояти Хатлон ҷараён дорад. Вазир мегӯяд, феълан нархи сабзӣ дар бозорҳои Душаанбе ва минтақаҳои атроф 6-7 cомонӣ ва Хуҷанду Бохтар 4-5 cомонӣ арзиш дорад.

Моҳҳои охир нархи як кило сабзӣ то 10-12 сомонӣ боло рафта буд. Ҳамакнун арзиши он каме коҳиш ёфт, аммо ҳанӯз ҳам назар ба соли гузашта якчанд маротиба гаронтар аст.

XS
SM
MD
LG