Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наворбардоре, ки дар роҳпаймоии ақаллиятҳои ҷинсӣ латукуб шуда буд, даргузашт


Раҳпаймоии ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Гурҷистон
Раҳпаймоии ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Гурҷистон

Расонаҳо аз фавти Лексо Лашкарвӣ, наворбардори гурҷистонӣ, ки ҳангоми бархурду як гурӯҳ ба раҳпаймоии ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Тифлис латукуб шуда буд, хабар доданд.

Рӯзи 5-уми июл ақаллиётҳои ҷинсӣ дар Гурҷистон раҳпаймоӣ карданд, вале гурӯҳе, ки мухолифи ақидаи онҳост, бо онҳо занозанӣ кардаанд.

Лашкарвӣ, ки ин раҳпаймоиро сабт мекард, дар ин занозанӣ осеби мағзӣ дида, чанд усутхонаш шикаста буд.
Дар ин ҳодиса 50 тан аз журналистон латукуб шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон гуфт, ки нисбат ба чанд тан аз ҳамлагарон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Қабл аз эълони раҳпаймоӣ бисёриҳо дар Гурҷистон муқобили он садо баланд карда буданд.

XS
SM
MD
LG