Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон дар робита ба тирпаронии ахир


Марзбони қирғиз. Акс аз бойгонӣ. 28 сентябри соли 2016
Марзбони қирғиз. Акс аз бойгонӣ. 28 сентябри соли 2016

Гуфтугӯи ниҳодҳои қудратии Қирғизистону Тоҷикистон роҷеъ ба тирпаронии ахир дар марзи ду кишвар, ки дар натиҷаи он як сарбози қирғиз ҷон бохтааст, идома дорад.

Раиси ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон Алмос Раҳмонқулов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта, ки ҷузъиёти гуфтугӯ баъди ба поён расидани он расонаӣ хоҳад шуд.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 8 июл рӯй дод. Ҳарду тараф сабабҳои сар задани онро ба тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки сарбозони Қирғизистон марзро ғайриқонунӣ гузашта, аввал тир кушоданд ва сипас дар тиркушоии ҷавобӣ кушта шуданд. Тарафи Қирғизистон иддао дорад, ки сарбозонаш ҳангоми хидмат ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9-уми июл эълон кард, ки дар чӣ шароит кушта шудани сарбоз Ҳусниддин Ҳоҷиевро таҳқиқ мекунад. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, "тибқи иттилои пешакӣ, аз ҷониби Тоҷикистон низ кушташудагон ва захмиён ҳастанд", аммо ҷониби Тоҷикистон дар ин бора то кунун иттилоъ надодааст.

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл гуфт, тирпарронӣ пас аз он шуруъ шуд, ки чаҳор сарҳадбони Қирғизистон "бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ ва силоҳи оташфишони АК" сарҳади Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд "ғайриқонунӣ гузаштанд". Вале мақомоти Қирғизистон ҳодисаро "ҳамлаи ногаҳонӣ" ба нерӯҳои марзбонии худ номиданд.

XS
SM
MD
LG