Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсе, ки мехост рақиби Лукашенко шавад, 14 сол зиндонӣ шуд


Виктор Бабарика
Виктор Бабарика

Додгоҳи Беларус довталаби пешини мансаби президент Виктор Бабарикаро бо иттиҳоми фасод ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Расонаҳои маҳаллӣ дар ин бора рӯзи 6-уми июл гузориш доданд.

Вакилони мудофеи Бабарика гуфтанд, ки иттиҳом ба зидди зерҳимояи онҳо бо ҳадафи пешгирӣ аз фаъолиятҳои сиёсии ӯ дуруст шудааст.

Бабарика, раиси собиқи «Белгазпромбонк», моҳи июни соли гузашта дастгир шуд. Замоне ки мехост ҳамчун номзад ба мансаби президенти Беларус сабтином шавад.

Пештар додситон хоста буд, ки Бабарикаро бо иттиҳоми ришваситонӣ ва пулшӯйӣ ба 15 сол зиндон маҳкум кунанд.

Ӯ ҳангоми суханронии охирини худ дар додгоҳ рӯзи 28-уми июн гуфт, иттиҳоми фасод алайҳи ӯ бофта аст ва бори дигар ба бегуноҳии худ таъкид кард.

Интихоботи президентии Беларус моҳи августи соли гузашта баргузор шуд. Кумисюни марказии интихобот бори дигар ҳокими худкома Лукашенкоро пирӯз эълон кард, вале мухолифон гуфтанд, дар маъракаи сиёсӣ тақаллуб шудааст.

Норозиён аз Лукашенко хостанд, истеъфо диҳад, то интихоботи нави президентӣ баргузор шавад. Ӯ аз соли 1994 дар сари қудрат аст.

XS
SM
MD
LG