Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи гумонбар ба қатли Ҳувайдо боз ба таъхир афтод


Александр Сёмин, акс аз бойгонӣ
Александр Сёмин, акс аз бойгонӣ

Додгоҳи вилояти Маскав ҳабси Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-соларо то 3 моҳи дигар дароз кард.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳокимаи додгоҳӣ дирӯз ва бо ширкати худи гумонбар баргузор гардид.

Шавкат Умаров, вакили мудофеъ гуфтааст, сабаби дароз кардани муҳлати ҳабс ба хатоҳои протссесуалӣ марбут аст. Ба ҳамин тартиб, мурофиаи навбатӣ 8-уми октябри имсол сурат хоҳад гирифт.

Александр Сёмин моҳи апрели имсол аз беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ба боздоштгоҳи муввақатӣ бурда шуд. Куштори духтари панҷсолаи тоҷик ва давоми се сол бенатиҷа будани талошҳо барои ҷазо додани гумонбари асосӣ мояи нороҳатии бисёре аз афроди огоҳ аз ин қазияи мудҳиш шудааст.

XS
SM
MD
LG