Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ гуфт, панҷ узви як гуруҳи қавмгароро дастгир кард


Хадамоти амнияти федеролӣ ё ФСБ-и Русия аз боздошти 5 узви гурӯҳи қавмгаро, ки худро пайрави Максим Марсинкевич (Тесак) меҳисобанд, хабар дод.

Дастгиршудаҳо тарафдори "аз Русия ихроҷ намудан"-и муҳоҷирон ва ташкили "низоми фашистӣ" буда, варақаҳоро бо муҳтавои экстремистӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбат ба муҳоҷирон паҳн мекарданд.

Ҳангоми кофтукоб аз онҳо таппончаҳои травматикӣ, силоҳи сард, китобҳои дорои мазмуни ифротгароӣ ва қавмгароӣ дарёфту мусодира шудааст.

Додгоҳ соли 2018 Марсинкевичро барои ҳамла ба одамон ба 10 сол зиндон маҳкум карда буд. Соли гузашта ҷасади ӯро аз ҳуҷраи боздоштгоҳи шаҳри Челябинск пайдо карданд. Ин қавмгарои рус дар гузашта барои саҳнасозии қатли як муҳоҷири тоҷик низ зиндонӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG