Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подполковники тоҷикро ба 9 соли зиндон маҳкум кардаанд


Ҳодиса дар шимоли Тоҷикистон дар дидбонгоҳи марзии Саразм рух додааст.
Ҳодиса дар шимоли Тоҷикистон дар дидбонгоҳи марзии Саразм рух додааст.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон як афсари баландрутба ва фармондеҳи як воҳиди низомиро барои ғафлат дар иҷрои вазифа ва роҳ додан ба марги як сарбоз ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 29-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо Фирдавс Ояҳмадов, фармондеҳи қисми низомии 0203 неруҳои марзбонии Тоҷикистон, Илҳомҷон Бегматов, як сарбози қаторӣ ҳам барои риоят накардани ойиномаи хидмат ва зиён расондан ба саломатии як ҳамхидматаш ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар баёнияи додситонӣ омадааст, ки ҳукм рӯзи 17-уми июн содир шуд ва подполковник Фирдавс Ояҳмадов ба “беамалӣ ва бефаъолиятӣ дар иҷрои вазифа” ва Илҳомҷон Бегматов ба “ вайрон кардани қоидаҳои оинномаи хидмат” ва “зиён расондан ба саломатӣ” гунаҳкор дониста шудаанд.

Ба гуфтаи додситонӣ тафтиш маълум кардааст, ки Илҳомҷон Бегматов рӯзи 10-уми феврали имсол дар дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Саразм” бе ягон сабаб ҳамхидматаш Алиев М.А.- ро “дашному ҳақорат карда, қасдан бо дастонаш ба қафаси сина ва қисмати гарданаш зарба задааст, ки дар натиҷа Алиев М.А. ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бинобар норасоии шадиди кори дил, рагҳои хунгард ва нафаскашӣ вафот кардааст.”

Ба қавли додситонӣ, моҷарову фоҷиаи мазкур ба сабаби бефаъолиятӣ ва беамалии подполковник Фирдавс Ояҳмадов ба вуқуъ пайвастааст. Назари вакилони дифои ҳарду маҳкумшуда ҳануз маълум нест. Бадрафторӣ бо сарбозони навомада дар артиши Тоҷикистон ва риоят накардани ойиномаи хидмат як мушкили ҷиддие дар сафи неруҳои мусаллаҳ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG