Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони гуфтугӯҳои рӯбарӯи раҳбарони G7

Президенти ИМА Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон, президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен, президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел, нахуствазири Итолиё Марио Драги ва нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо дар соҳил гардиш мекунанд

Баъди тахминан ду сол раҳбарони кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона (G7) шоми 11-уми июн тавонистанд аввалин бор дар мулоқоти рӯбарӯ бо ҳамдигар гуфтугӯ кунанд. Дар маркази таваҷҷӯҳи ҷаласаи серӯзаи раҳбарони кишварҳои пешрафта, ки дар Инглистон барпо мешавад, мавзӯи дастрасии аҳолии нодори сайёра ба воксина ва эҷоди иқтисоди одилонатар баъди пандемияи COVID-19 қарор дорад. Ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи саноатӣ Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё, Япония ва ИМА шомил мешаванд. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон дар остонаи нишаст гуфт, ки ҳадафи онҳо ҳамоҳанг кардани иқдомҳои ҳамдигарӣ дар давраи пандемия мебошад, то ки паёмадҳои он ба “ҷои захми давомдор” табдил нашавад. Интизор меравад, ки аъзои G7 барои таъмини кишварҳои нодор бо 1 миллиард дона воксинаи зидди COVID-19 омодагӣ нишон диҳанд. Танҳо ИМА ва президент Ҷо Байден ваъда додааст, ки 500 миллион дона воксинаи сохтаи ширкати Pfizer-ро то соли оянда хайр мекунад.

XS
SM
MD
LG