Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев ордени "Зарринтоҷ" доданд


Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе
Шавкат Мирзиёев дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Дар Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ордени "Зарринтоҷ", дараҷаи 1, доданд. Маросими тақдими он шоми 10-уми июн дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе гузашт.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин орден "Барои хидматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва узбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ" дода шуд.

Мирзиёев рӯзи 10-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Мақомоти ду кишвар дар ин рӯз 36 санад, аз ҷумла дар мавриди интиқоли бор тавассути Узбекистон ва сафари сокинони ду кишвар, имзо карданд.

Тошканду Душанбе солҳои зиёд, дар замони ҳукумати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, бар сари истифодаи обу сохтмони нерӯгоҳ, тақрибан дар ҳолати ҷанги сард қарор доштанд. Ин равобит соли 2016 пас аз марги Каримов ва ба қудрат расидани Мирзиёев беҳбуд ёфт.

XS
SM
MD
LG