Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон риши даҳҳо мардро иҷборан тарошиданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Даҳҳо мардро дар шаҳри Ангрени вилояти Тошканди Узбекистон ба идораи пулис даъват карда, иҷборан ришашонро тарошидаанд.

"Ба ман занг зада, гуфтанд, ки аз Тошканд, аз Вазорати умури дохилӣ одам омадааст ва ман бояд ба шуъбаи пулис ҳозир шавам. Вақте диндорон ба шуъбаи пулис ҳозир шуданд, риши онҳоро иҷборан тарошиданд. Кормандони пулис гуфтанд "худатон ришатонро метарошед ё мо ба ҷои шумо ин корро мекунем".

"Маъмурони пулис диндоронро пеш аз тарошидани риш ва баъд аз он акс гирифтанд. Онҳо дар давоми як ҳафта риши наздики 20 шиноси маро тарошиданд", - изҳор дошт яке аз сокинони Ангрен.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, маъракаи риштарошии иҷборӣ танҳо ба онҳое дахл дошт, ки меъёрҳои Исломро пурра риоя мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Узбекистон риши мардонро иҷборан метарошанд. Ду сол пеш дар бозори "Малика"-и Тошканд низ риши чандин тоҷирро иҷборан тарошида буданд.

XS
SM
MD
LG