Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти садҳо гумонбари ҷиноят дар амалёти "ҳушманд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чанд сохтори ҳифзи ҳуқуқ дар ҷаҳон гуфтанд, ки дар як амалиёти "бисёр ҳушманд" садҳо нафарро бо гумони узвият дар созмонҳои ҷиноии муташаккил (созмонёфта) дастгир карданд. Василаи муҳими ошкору таъқиби гумонбарон замимаи бо номи ANOM будааст, ки онро Бюрои федеролии тафтишоти Амрико ё FBI ба роҳ мондааст.

Жан-Филипп Лекоффе, муовини раиси Европол ё полиси Аврупо, дар суханрониаш дар Гаага рӯзи 8-уми июн гуфт: "Ин маълумот боис ба он шуд, ки давоми як ҳафтаи гузашта дар саросари ҷаҳон – аз Зеландияи Нав то Австралия ва Аврупову Амрико – садҳо амалиёти сохторҳои ҳифзи қонун баргузор шавад”. Ӯ афзуд, ин як “амалиёти ҳушмандтарин дар муқобила бо фаъолиятҳои ҷиноӣ мебошад”.

Келвин Шиверс, ёвари раиси FBI, гуфт, идораи онҳо дар давоми 18 моҳи гузашта “беш аз 300 дастгоҳро дар 100 кишвари ҷаҳон” фош карда тавонист. Вай гуфт, “мо на танҳо дар бораи шумори зиёди ҳабсу боздоштҳо шунидем, балки беш аз 100 таҳдид ба маргро пешгирӣ кардем”.

Аввал шуда дар бораи ин амалиёт Австралия ва Зеландияи Нав хабар доданд. Ба иттилои онҳо, дар миёни боздоштшудаҳо гурӯҳҳои террористӣ, созмонҳои мафиёӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷиноии муташаккил мебошанд.

Танҳо дар Австралия дар чаҳорчӯби ин амалиёт 224 нафар боздошт шудааст. Нахуствазири ин кишвар Скотт Моррисон дар нишасти матбуотӣ гуфт, амалиёт “ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ зарбаи сахте шуд ва ҳам ба кори дигари гурӯҳҳои ҷиноии муташаккил дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонад”.

Матбуоти Австралия гузориш дод, ки як раҳбари калони қочоқбари маводи мухаддир, ки ҳоло дар Туркия паноҳ бурдааст, надониста замимаро дар миёни гурӯҳҳои ҷиноӣ дар саросари ҷаҳон паҳн кард. Дар натиҷа, маълум шуд, ки беш аз 11 ҳазор ҷинояткор бо истифода аз замимаи ANOM дар ҷаҳон фаъолияти худро пеш мебурд.

Дар изҳороти австралиягиҳо омадааст, ин замима бо бовари ин ки барои гурӯҳҳои ҷиноӣ амн аст, дар миёни онҳо маъруфият пайдо кард ва ҳам аз он барои муташаккил доштани ин гурӯҳҳо фаъолона истифода кардаанд.

Соли гузашта полиси Аврупо гуфт, ки садҳо ҷинояткорро баъди он ошкор ва боздошт кард, ки онҳо бо истифода аз шабакаи EncroChat фаъолияти худро пеш мебурданд. Ин шабака ошкор ва фош карда шуд.

XS
SM
MD
LG