Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

 Ҳукми “Қассоби Босния” содир мешавад


Ратко Младич, собиқ фармондеҳи сербҳои босниягӣ ба ҳукми зиндони абад маҳкум шудааст.
Ратко Младич, собиқ фармондеҳи сербҳои босниягӣ ба ҳукми зиндони абад маҳкум шудааст.

Рӯзи 8-уми июн дар додгоҳи СММ дар Гаага ҳукми Ратко Младич, раҳбари низомии сербҳои босниягӣ содир мешавад. Ин навбат додгоҳ аризаи бозбинии ҳукми ҳабси абади Младичро баррасӣ кардааст. Ҳодисаҳое, ки дар парвандаи Младич тасвир мешаванд, ҳамчун мудҳиштарин ҷиноятҳо аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон шинохта шудааст.

Ҳукми додгоҳи таҷдиди назар пушти дарҳои баста хонда мешавад, чун ба хотири пандемияи коронавирус ба толори додгоҳ журналистон роҳ дода намешавад. Ҳукми рӯзи сешанбе даъвои соли 2017-и Младичро, ки дар ватанаш ҳамчун “Қассоби Босния” ном баровардааст, ҳал хоҳад кард. Дар ҳукми додгоҳ он замон гуфта шуд, ки Младич барои наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва ҷиноятҳое, ки дар давраи солҳои 1992 то 1995 содир шудааст, гунаҳгор мебошад. Яке аз ин ҷиноятҳо - куштори содиршуда дар атрофи шаҳри шарқи Сребренитсаи Босния дар миёнаҳои соли 1995 мебошад. Он замон тахминан 8 ҳазор мардону ҷавонписарони мусалмон аз ҷониби нирӯҳои босниягӣ қатл шуданд.

Младичи 78-сола, ки ба бегуноҳии худ пойфишорӣ дорад, дар баробари ҳукми ниҳоии додгоҳ қарор дорад. Ӯ дар мурофиаҳо вокунишҳои бисёр хашин карда, Ғарбу додрасҳоро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кардааст.

XS
SM
MD
LG