Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бархӯрди ду қатор дар Покистон дастикам 30 кас кушта шуд


7 июн, маҳалли бархӯрди ду қатор дар Покистон
7 июн, маҳалли бархӯрди ду қатор дар Покистон

Мақомот гуфтанд, ки рӯзи 7-уми июн дар натиҷаи бархӯрди ду қатори серодам дар ҷанубумаркази Покистон дастикам 30 нафар кушта ва 60 кас маҷрӯҳ шуданд. Гул Ҳасан, як мақоми идораи Роҳи оҳани шаҳри бандарии Карочи ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи ҳодисае, ки дар шаҳри Дерхии вилояти Синдҳ рух додааст, шурӯъ шудааст. Чандин нафар ба беморхонаҳои наздики маҳалли ҳодиса интиқол ёфтанд. Гурӯҳҳои наҷотбахш барои аз дохили қаторҳо берун овардани мардуми дармонда кор мекунанд. Бархӯрд миёни қаторҳое рух додааст, ки яке аз Карочи ба Сардоға ва дигаре аз Равалпиндӣ ба самти муқобил ҳаракат мекард. Нахуствазир Имрон Хон гуфт, ки аз ҳодисаи рухдода “таконзада” шудааст ва ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса амр дод. Дар Покистони серҷамъият солҳои ахир чандин ҳодисаи садамаи қатор рух додааст.

XS
SM
MD
LG