Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон КОВИД-19 нест. Сокинон бовар надоранд


Муолиҷаи беморон ба воситаи телефони боварӣ дар авҷи коронавирус дар Тоҷикистон. Акс аз моҳи майи соли 2020

Мақомоти тоҷик эълон карданд, ки рӯзи гузашта ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Сокинон ба ин шак доранд ва мегӯянд, бархе беморонеро мебинанд, ки шабеҳи гирифторони коронавирусанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи январи имсол пайваста мегӯяд, ҳеҷ ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардааст.

Моҳи гузашта дар Хуҷанд 15 нафарро ҳамчун гумонбар ба коронавируси нав карантин карданд, вале баъдан мақомот гуфтанд, ки онҳо бемор нестанд.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз оғози беморӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13308 нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтааст ва танҳо 90 нафар фавтидааст.

Коршиносон ба ин омор бовар надоранд ва мегӯянд, омори воқеӣ даҳҳо маротиб аз омори расмӣ бештар аст.

XS
SM
MD
LG