Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи Қирғизистон ҳангоми парвоз ба марз сарнагун шуд


Акс аз бойгонӣ аст.
Акс аз бойгонӣ аст.

Дар вилояти Уши Қирғизистон як чархболи низомие, ки Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и ин кишварро ҳамроҳӣ мекард, дар роҳ ба сӯи ноҳияи Чон-Алай, наздик ба марзи Тоҷикистон, ба замин афтодааст.

Манобеи бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар ин чархбол 14 нафар савор будааст ва чор нафарашон ҷароҳати сабук бардоштаанд. Тибқи иттилои расида, ҳодиса дар деҳаи Кичи-Алайи ноҳияи Арван рух додааст. Гуфта мешавад, ки чархбол оташ гирифта, сӯхтааст.

Ин чархбол ба Вазорати мудофиаи Қирғизистон таалуқ доштааст. Ин Вазорат ҳодисаро то ҳол шарҳ надодааст.

4-уми июн Камчибек Тошиев, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба минтақаи наздик ба марзи Тоҷикистон сафар кард. Ба ин минтақа ду чархбол парвоз доштааст, ки ба гуфтаи расонаҳои Қирғизистон раҳбари КДАМ-и ин кишвар савори чархболи дуюм будааст.

Субҳи рӯзи 4-уми июн Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъ дар марз бо Тоҷикистонро “муташанниҷ” унвон кард.

Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки марзбонони тоҷик дар мавзеи баҳсӣ вагону контейнер гузоштаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 4-уми июн нашр шуд, нигаронии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро, ки гуиё марзбонони тоҷик дар минтақаи баҳсӣ "дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави ин кишвар, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, нодуруст хонд.

Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ҷойгир кардани посгоҳи сарҳадӣ дар хатти мувофиқашудаи марз ҳаст.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG