Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EastFruit: Узбекистон имсол аз Тоҷикистон зардолу мехарад


Нашрияи таҳлилии EastFruit, ки ба таҳлили бозори меваву сабзавот машғул аст, хабар дод, ки Узбекистон дар соли 2021 содироти зардолуро комилан қатъ кард. Ба далели гаронии нархи ин навъи мева дар бозори дохилӣ Узбекистон онро бо баҳои арзонтар аз Тоҷикистон ворид мекунад.

Таҳлилгарон гуфтаанд, дар натиҷаи сардиҳои охири моҳи феврал ва миёнаҳои моҳи март 60-65 дарсади зардолуи Узбекистон талаф шудааст.

Нашрия навиштааст, дар соли 2020 дар Узбекистон 74,5 ҳазор тонна зардолу гирифта буданд. Дар соли 2019 дар Узбекистон бештар аз 58 ҳазор тонна, дар соли 2018 бештар аз 43 ҳазор ва дар соли 2017 23 ҳазор тонна зардолу ҳосил шуда буд.

Дар соли 2020 Узбекистон баъд аз Испания дувумин кишвари бузургтарин истеҳсолкунандаи зардолу буд. Соли гузашта Испания 96 ҳазор тонна зардолу содирот кард.

Коршиносон навиштаанд, ки дар соли ҷорӣ Туркия бузургтарин кишвари содиркунандаи зардолу хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG