Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден дар мулоқот бо Путин ба масъалаи ҳуқуқи башар пойфишорӣ мекунад


Ҷо Байден, 30-юми май

Президенти Амрико Ҷо Байден гуфт, дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин ба ӯ фишор меорад, то ба ҳуқуқи башар эҳтиром қоил шавад.

Мулоқоти ду раҳбар 16-уми июн дар Швейтсария ва дар ҳоле барпо мешавад, ки таниш дар равобити миёни Маскаву Вашингтон дар ҳоли афзоиш аст.

Байден рӯзи 30-юми май, ҳангоми суханронӣ дар иди миллии Рӯзи ёдбуд гуфт:

"Амрико кишвари нодир аст. Ин як ормон аст. Ба фарқ аз бисёр кишварҳои дигар кишвари мо бар асоси ормон ё идея ташкил шудааст. Тахминан ҳама кишварҳо бар асоси чизе, мисли дин, ҷуғрофиё ва ё қавмият ташаккул ёфтаанд. Мо - на. Мо бар асоси ҳамин идеяи ростин бунёд шудаем, ки ҳамаи мардону занон баробарҳуқуқ мебошанд. Мо дар ҷаҳон нодир ҳастем. Ман бо президенти Чин Си Ҷинпин як муколамаи тахминан дусоата доштам ва ба ӯ гуфтам, ки мо кори дигаре ба ҷуз суҳбат аз ҳуқуқи башар надорем, чунки ҳастии мо ҳамин аст. Ман бояд чанд ҳафта баъд бо президент Путин ҳам дар Женева мулоқот кунам ва хеле рӯшан хоҳам гуфт, ки мо ҳамин тавр тамошобин шуда намеистем, ки ӯ ин ҳуқуқҳоро поймол кунад."

Кохи Сафед ва Кремлин ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки мулоқоти нахустини Байден ва Путин дар Женева барпо мешавад.

XS
SM
MD
LG