Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домодҳои тоҷик дар Маскав хушхарид шудаанд?


Маскав, сентябри соли 2020. Арӯсу домоде савори мотосикл
Маскав, сентябри соли 2020. Арӯсу домоде савори мотосикл

Cоли ҷорӣ бонувони шаҳри Маскав, ки бо хориҷиҳо издивоҷ кардаанд, бештар аз ҳама бо шаҳрвандони Тоҷикистон оила барпо кардаанд. Хабаргузории расмии ТАСС аз қавли идораи ЗАГС-и пойтахти Русия менависад, дар соли 2021 аз миёни 1500 ҳолати ақди никоҳи занону духтарони сокини шаҳри Маскав бо мардони хориҷӣ , 355 мавриди он ба зодагони Тоҷикистон рост меояд. Баъд аз тоҷикҳо занони рус ба издивоҷ бо шаҳрвандони Озарбойҷон, Украина, Қирғизистон ва Беларус бартарӣ додаанд . Бино ба иттилои раёсати ЗАГС-и шаҳри Маскав, аз аввали соли 2021 дар пойтахти Русия ҳудуди 2700 ҳолати ақди никоҳ бо хориҷиён сабт шудааст. Ин назар ба соли 2020 13% камтар, вале дар қиёс бо соли 2019 19% бештар будааст.

Дар бархе ҳолатҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири зиндагиву кори роҳаттар дар Русия ба издивоҷ бо занони рус бартарӣ медиҳанд. Гоҳо мақомоти Русия хабар медиҳанд, ки ҳолатҳои издивоҷҳои қалбакиро ҳам ошкор мекунанд.

XS
SM
MD
LG