Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Ryanair фуруди маҷбурии ҳавопайморо «роҳзании ҳавоӣ»-и мақомоти Беларус унвон кард


Раҳбари ширкати ҳавоии Ryanair Майкл О'Лири фуруди изтирории ҳавопаймои ин ширкат дар шаҳри Минскро, ки аз Атен ба Вилнюс ҳаракат мекард, як «рабоиши давлатии ҳавопаймо» ва «роҳзании ҳавоӣ»-и мақомоти Беларус унвон кард. Шоми 23-юми май, ҳангоме, ки ҳавопаймо аз болои ҳарими ҳавоии Беларус парвоз мекард, халабонҳо аз шаҳри Минск хабаре дарёфт карданд, ки дар он гуфта шуд, ки гӯё дар дохили ҳавопаймо як маводи тарканда ҷой шудааст ва ҳавопаймо бояд дар шаҳри Минск фуруд ояд. Баъди поин шудани ҳавопаймо аз дохили он журналисти мухолифи ҳукумат, собиқ сардабири телеграм-канали NEXTA Роман Протасевич боздошт шуд. Зидди ӯ дар Беларус парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Раҳбари Ryanair ҳама интиқодҳои халабонҳоро рад кард ва гуфт, ки онҳо тамоми корро карданд, то ки парвоз амну безарар анҷом шавад. Майкл О'Лири гуфт, ки ҳадафи мақомот зоҳиран боздошти журналист ва дӯстдухтари ӯ буд. Ӯ гуфт, ки зоҳиран дар дохили ҳавопаймо ҷосусони КГБ-и Беларус буданд ва баъди фуруд омадани ҳавопаймо дар Минск онҳо аз он берун шуда дигар барнагаштанд.

ББС навиштааст, ки ҳамроҳ бо Протасевич мақомот дӯстдухтари ӯ Софя Сапегаро ҳам боздошт карданд, ки шаҳрванди Русия мебошад. Ӯ як донишҷӯи донишгоҳи Вилнюс аст. Бархе хабарҳо ҳокист, ки ба ҷуз журналист, ба Вилнюс инчунин Сапега ва чор мусофири дигар парвоз накарданд. Дар бораи ҳуввияти чор нафари дигар иттилое дар даст нест.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова вокунишҳои танқидӣ дар Ғарб дар робита бо маҷбур ба фуруд кардани ҳавопаймо дар шаҳри Минскро интиқод карда Ғарбро дар меъёрҳои дугона айбдор намуд. Кремл ин мавзӯъро шарҳ надодааст.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар изҳороте ҳодисаи боздошти журналист Роман Протасевичро маҳкум кард. Ӯ гуфт, ки ИМА масъулияти ҳодиса бо ҳавопайморо ба дӯши режими Александр Лукашенко вогузор кард. Блинкен гуфт, ки «ҳаёти 120 мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони ИМА бо хатар рӯбарӯ шуд».

Дар Литва аз рӯи қазияи рабоиши ҳавопаймо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мусофироне, ки дар дохили ҳавопаймо буданду баъди Минск ба Вилнюс расиданд, ба саволҳои тафтишот посух медиҳанд.

XS
SM
MD
LG