Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро озод карданд


Бобоҳидо Ҳайдаров соли 2005 боздошт ва соли 2006 ба зиндон маҳкум шуд.
Бобоҳидо Ҳайдаров соли 2005 боздошт ва соли 2006 ба зиндон маҳкум шуд.

Бобоҳидо Ҳайдаров, яке аз аъзои собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон пас аз адои ҳукмаш аз зиндон раҳо шудааст. Чанде аз ҳамдеҳагонаш рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Бобоҳидо Ҳайдаров, рӯзи 13-уми май ва баъди сипарӣ кардани 6 сол дар паси панҷара озод шудааст.

Ӯ то соли 2015 раиси шӯъбаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷамоати Чоркуҳ ва муовини раиси шуъбаи ҳизб дар ноҳияи Исфара буд. Ҳамдеҳагонаш видеоеро ба Радиои Озодӣ фиристоданд, ки қадам задани Бобоҳидо Ҳайдаровро дар зодгоҳаш нишон медиҳад. Ин узви 71-солаи Ҳизби наҳзатро 22-уми сентябри соли 2015 дастгир карда ва соли 2016 бо гуноҳи ифротгароӣ ва ва таъсиси созмони ифротгаро ба 6 соли зиндон маҳкум карданд.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро, ки як ҳизби умдаи мухолифи давлат буд, ба тарҳрезии ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон муттаҳам карданд.

Баъди ин Додгоҳи олӣ ҳизбро ифротгаро эълон кард ва амр дод, фаъолияташро қатъ кунанд. Садҳо нафар аз аъзои ҳизб ҳам дастгир ва даҳҳо нафар ба зиндон маҳкум шуданд. Худи онҳо иттиҳоми даст доштан дар ошӯбро бепояву асос хонда рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG