Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ идома дорад". Ба зарардидаҳо замин додаанд. ВИДЕО


Барои 20 хонаводаи зарардида аз лағзиши замин дар деҳаи Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаҳои замин ҷудо кардаанд. Шаби 8 ба 9-уми май дар ин деҳа лағзиши замин шуруъ шуд ва то кунун беш аз 100 гектар замини кишоварзии сокинон ва 20 манзили онҳо фурӯ рехтааст.

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва намояндагони Cитоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ, лағзиши замин дар деҳаи Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 8-уми май ба ин сӯ идома дорад. Ба ин далел, масоҳати то 30 метри атрофи ҷойи ҳодиса барои гаштугузор мамнуъ шудааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 12-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асари ин ҳодиса дар ҷамоати Ифтихор 20 манзил пурра зери замин рафтанд. Ба гуфтаи ӯ, 167 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Юсуфӣ афзуд, Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ тасмим гирифтааст, барои ҳар як оилаи зарардида дар маҳалли амни ҳамин деҳа 10-сотихӣ замин ҷудо карда, манзили навро дар муддати як моҳ бунёд кунад.

Сокинони деҳаи офатзада ба ҷойи дигар мекӯчанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ дар саҳни ҳавлии мактаби шумораи 50-и ин деҳа барои осебдидагон "шаҳраки хаймавӣ" таъсис додаанд

Азиза Давлатова, сокини 40-солаи ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ зимни ёдоварӣ аз оғози фурӯрезии замини манзилаш гуфт, фурсати кӯтоҳе барои наҷоти ҷонаш дошт.

Ӯ гуфт: "Фурӯрезии замин аз дурӣ шуруъ шуд. Ҳамон рӯз борони сахт меборид ва аз дара ба самти деҳа сел омад. Баъд роҳи сел баста шуд ва об ба деҳа расид. Фурӯрезии заминро дида, зуд хостам аз ҳавлӣ берун шавам, вақте ба кӯча баромадам, дидам, ки ҳавлиам зери замин рафт."

Феълан созмонҳои байналмилалии имдодӣ ва шахсони хайрхоҳи маҳаллӣ ба осебдидагон ин ҳодиса ёриҳо ироа мекунанд. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, барои зарардидаҳо кумакҳои USAID ва ЮНИСЕФ дастрас карда шудааст.

Тибқи иттилои масъулини КҲФ Тоҷикистон, соли 2020 дар пайи офатҳои табиӣ дар кишвар 41 бинои маскунии сокинони пурра ва 102 бинои дигар қисман тахриб шуда буданд. Ин ҳодисаҳо ба 18,5 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ хисорот ворид карда, шаш пули иртиботӣ комилан тахриб шуда буданд.

XS
SM
MD
LG