Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қазоқистон дархости озодии пеш аз муҳлати "маҳбуси сиёсӣ"-ро рад кард


Кенҷабек Абишев дар додгоҳ.
Кенҷабек Абишев дар додгоҳ.

Додгоҳи Қазоқистон иҷозат надод, Кенҷабек Абишеви 52-сола, ки бо ҷурми "таблиғи терроризм" ва "ангехтани адовати динӣ" зиндонӣ шудааст, шартан пеш аз муҳлат озод шавад.

Дар ин бора вакили дифои Абишев -- Гулнора Жуаспаева 11 май хабар дод. Ҷонибдорони Абишев пештар аз мақомоти Қазоқистон даъват карда буданд, ки ӯро ба иллати авҷи беморияш шартан озод кунанд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, Абишев, ки 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст, аллакай чор солу як моҳи ин муҳлатро дар зиндон сипарӣ кардааст ва бо назардошти рафтораш дар зиндон бояд ӯ озод мешуд. Абишев аз фишори хун ва дарди қалб ранҷ мебарад.

Кенҷабек Абишев қаблан бо навиштани муроҷиатномае ба унвони раҳбарияти зиндон ва президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфта буд, ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Парвандаи "ҷиҳодиён" дар Қазоқистон яке аз парвандаҳои баҳсбарангез буда, дар доираи он се шаҳрванди ин кишвар -- Алмат Жумагулов, Оралбек Омиров ва Кенҷабек Абишев бо гумони даъват ба терроризм аз озодӣ маҳрум гаштаанд.

Се нафар парвандаи худро сохта ва сиёсӣ меноманд. Ҳар сеи гумонбарон тирамоҳи соли 2017 боздошт шуда буданд. Як қатор созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Абишев ва Жумагуловро маҳбуси сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG