Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҷошудаҳои Бодканд ба хонаҳояшон бармегарданд


Беҷошудаҳои бодкандӣ ба ҷойи зисташон бармегарданд.
Беҷошудаҳои бодкандӣ ба ҷойи зисташон бармегарданд.

Ҳазорон сокини деҳаҳои наздимарзии вилояти Бодканди Қирғизистон, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон ба ҷои амн кӯч баста буданд, дубора ба хонаҳояшон бармегарданд. Дар ин бора рӯзи 9-уми май аз мақомоти вилояти Бодканд хабар доданд.

Абдикарим Олибоев, намояндаи ҳукумати Қирғизистон бо сокинон мулоқот ва ваъда кард, ки барои ҳифзи амният дар марз чораҷӯӣ мекунад ва барои сокиноне, ки хонаҳояшонро аз даст додаанд, манзилҳои муваққат сохта мешавад.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, ҳангоми муноқишаҳои рӯзҳои 29-30 апрел аз деҳаҳои наздимарзӣ наздики 40 ҳазор кас ба ҷои амн кӯчонида шудаанд.

Рӯзи 8-уми май дар вилояти Бодканд барои 36 хонаводае, ки дар муноқишаҳо наздиконашонро аз даст доданд, сохтмони манзили зист шуруъ шуд.

Улуғбек Маърупов, сарвазири Қирғизистон рӯзи 3-юми май гуфт, барои барқарории иншооти тахрибшуда дар низои марзӣ бештар аз 8 миллион доллар аз буҷаи кишвар ҷудо мешавад.

Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шудааст.

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG