Хабарҳо
Наздиконаш гуфтанд, 7 даъвогар аз Иззат Амон баргардондани 1 миллион рублро хостаанд
Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, шахсоне, ки иддао доранд, гуё ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз онҳо қарз гирифтаву барнагардондааст, ба 7 нафар расид.
Писари ӯ, Муҳаммадюсуф Холов, рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир маблағи қарзи даъвоӣ 1 миллион рубли русиро ташкил медиҳад. Пайвандони фаъоли муҳоҷирон ба дурустии иддаоҳои онҳо шубҳа доранд.
Баъзе аз даъвогарон ба тафтишот гуфтаанд, гуё Иззат Амон дар солҳои 2014 ва 2015 аз онҳо маблағ дарёфт кардаву то ҳанӯз напардохтааст. Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, афроде, ки даъвои маблағ мекунанд, бо навиштани ариза иктифо кардаанд ва дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ, ки тафтишот таъин мекунад, ҳозир намешаванд.
Муҳаббатхон Баллаев, вакили мудофеи Иззат Амон, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки тафтиши парвандаи зерҳимояаш идома дорад ва масъалаи аслӣ пардохти маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ аст. Вакили мудофеъ афзуд: "Ин маблағ бо рубл аст ва бар асоси моддаи 247, яъне қаллобӣ, дар сурати пардохти маблағ нисбат ба ӯ қонуни афв татбиқ хоҳад шуд."
"Ҷараёни тафтишот мунсифона идома дорад. Дар муддати ду моҳ тафтишот мебинад, ки оё боз афроди дигар ариза хоҳанд навист ё не. Ва масъалаи аслӣ барқарор кардани зарар мебошад ва дар ин қазия вакили мудофеи дигар низ аз ҳуқуқи Иззат Амон ҳимоя мекунад", -- илова кард Баллаев.
Иззат Амон рӯзи 25-уми марти имсол дар шаҳри Маскав нопадид шуд ва пас аз ду рӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Мақомот гуфтанд, ки ӯ бо иттиҳоми "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Ҷараёни тафтишот ва мунсифона барпо шудани он зери суол аст, чунки аз замони нопадидшавии мармузу дар Душанбе пайдо шудани ин ҳомии ҳуқуқи соҳиби шаҳрвандии Русия ношаффоф гузаштааст.
Боздошти ӯ хашми муҳоҷирони тоҷикро дар Русия барангехт ва даҳҳо нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар эътироз карданд. Тарафдорони ӯ бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба интиқодҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ширкати IRS эълон кард, ки ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шудааст
IRS (Innovative Road Solutions), як ширкати фаъолияташ шубҳаовар дар Тоҷикистон, ки барои нигаҳдории роҳи Душанбе-Хуҷанд аз ронандаҳо пул мегирад, рӯзи 5-уми июн аз маҳдудияти сафар дар ин роҳ хабар дод.
Ба гуфтаи ин ширкат, ба хотири таъмири нақби “Истиқлол” ҳаракати нақлиёт аз Душанбе ба Хуҷанд соатҳои 07:00 то 10:00 ва аз 13:00 то 16:00 манъ аст. Ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе низ аз соати 10:00 то 13:00 ва аз соати 16:00 то 19:00 номумкин шудааст.
“Ронандагони гиромӣ бояд донанд, ки аз соати 19:00 бегоҳӣ то соати 6:00 субҳ роҳ ба ду самт кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бидуни монеа имконпазир аст”,--гуфтааст ин ширкат.
Ширкати IRS гуфтааст, ки ин қароро дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори кишвар гирифтааст ва ҳадаф дорад, ки “дар нақби “Истиқлол” чароғ, камераҳои назоратӣ ва барои тоза кардани ҳавои дохили нақб ҳавотозакунакҳо насб кунад”.
Ширкати офшории IRS - Инновейтив Роуд Солюшнз - бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 нигоҳубини ягона роҳи байни марказ ва шимоли кишварро дар ихтиёр дорад. Дар роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.
Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.
Ширкати IRS, ки ҳоло мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба уҳда дорад, соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони асосии ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест.
Як зани 28-сола шавҳари 23-солаашро маҷрӯҳ кардааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки як зани 28-сола шавҳари 23-солаашро бо пораи шишаи шикаста маҷрӯҳ кардааст.
Аз ин зан ва мард ном бурда намешавад, вале ба гуфтаи ВКД сокини ноҳияи Восеъ, ки муваққатан дар Душанбе зиндагӣ мекард, шавҳари 21-солаашро бо “шишаи шикастаи оинаи хона 2-маротиба ба баданаш задааст”.
Назари ин мард ва зан ба ҳодиса маълум нест. Ба гуфтаи ВКД, онҳо бо ҳам муноқиша доштаанд.
Ҳоло мард дар беморхона бистарист ва зан боздошт шудааст.
Ҳодисаи зарба задан ва талоши куштори ҳамсарон аз сӯи шавҳарон ва ё баръакс, дар Тоҷикистон бори аввал нест.
Мақомот борҳо дар бораи кушта шудани яке аз ҳамсарон дар муноқишаҳои хонаводагӣ хабар додаанд.
Аз ин пеш мақомот хабар дода буданд, ки як зани 60-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шимоли Тоҷикистон, ба иттиҳоми қатли шавҳараш аз сӯи пулис боздошт шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, боздоштшуда рӯзи 7-уми январ дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо шавҳараш, бо болға ба сару рӯи ӯ чанд зарба задааст.
Сабаби муноқишаҳои хонаводагиро, ки дар бархе ҳолат то куштор мерасонад, равоншиносон бекорӣ ва афсурдагӣ медонанд.
Путин гуфт, сохтмони бахши аввали лӯлаи интиқоли газ ба Олмон анҷом ёфтааст
Президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки гузоштани лӯлаҳо барои як хатти аввали лӯлаи гази “Nord Stream 2” ("Ҷараёни шимол-2") ба Олмон "бомуваффақият ба анҷом расидааст".
Ин хат имкон медиҳад, ки аз Русия мустақим ба Олмон гази табии интиқол диҳад.
Путин, ки рӯзи 4-уми июн дар як форуми иқтисодӣ дар Санкт-Петербург суханронӣ мекард, гуфт, корҳо барои сохтмони хати дуюм дар ин лоҳиа давом дорад.
Иёлоти Муттаҳида, ки ба бунёди лӯла шадидан мухолифат дорад, моҳи гузашта таҳримҳои нав алайҳи ширкатҳо ва киштиҳои Русия, ки дар ин лоиҳа ширкат варзиданд, эълом кард. Аммо маъмурияти президент Ҷо Байден қарор кард, ки аз таҳримҳо алайҳи ширкати назораткунандаи лоиҳа ва мудири он даст кашад.
Борҳо Амрико аз Олмон хостааст, ки бо Русия дар ин самт ҳамкорӣ накунад, вале Олмон ин лоҳиаро ба манфиат дониста, онро ҷонибдорӣ мекунад.
Сохтмони лоиҳаро ширкати русии "Газпром" бар ӯҳда дорад ва ширкатҳои олмонии Uniper ва Wintershall, гуруҳи англисиву ҳолландии Royal Dutch Shell, ширкати фаронсавии Engie ва австрагии OMV дар ин сохтмон шариканд. Арзиши умумии сохтмон 9,5 миллиард евроро ташкил медиҳад. Қарор аст, ки сохтмони он имсол анҷом ёбад.
Толибон ҳашт афсарро дар шимоли Афғонистон куштаанд
Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон рӯзи 5-уми июн дар ҳамлае дар вилояти Бағлон панҷ низомии ҳукумати Афғонистонро куштаанд.
Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар ин ҳамла, ки дар ноҳияи Ҷулгаи вилояти Бағлон сурат гирифт, ду сардори пулис ва шаш афсар кушта шудааст.
Ҷанг миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Толибон аз шаби 5-уми июн дар ин ноҳия оғоз шуд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин ҷанг Гулбуддин, сардори полиси ноҳияи Ҷулга ва Лутфулҳақ, сардори пулиси ноҳияи Бурқаи Бағлон, ки ба кумаки ҳамкоронаш ба Ҷулга омада буд, кушта шудаанд.
Толибон дар ҳоле ҳамлаҳоро афзоиш додаанд, ки нерӯҳои ИМА то 11-уми сентябри имсол бояд Афғонистонро тарк кунанд.
Толибон бо Амрико ба созиш расида буданд, ки бо давлати Афғонистон барои сулҳ музокирот мекунад. То ҳол ин музокира натиҷа надодааст.
Дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон беш аз 1400 километр хати марз дорад, 40 сол боз ҷанг идома дорад.
Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон КОВИД-19 нест. Сокинон бовар надоранд
Мақомоти тоҷик эълон карданд, ки рӯзи гузашта ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Сокинон ба ин шак доранд ва мегӯянд, бархе беморонеро мебинанд, ки шабеҳи гирифторони коронавирусанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи январи имсол пайваста мегӯяд, ҳеҷ ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардааст.
Моҳи гузашта дар Хуҷанд 15 нафарро ҳамчун гумонбар ба коронавируси нав карантин карданд, вале баъдан мақомот гуфтанд, ки онҳо бемор нестанд.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз оғози беморӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13308 нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтааст ва танҳо 90 нафар фавтидааст.
Коршиносон ба ин омор бовар надоранд ва мегӯянд, омори воқеӣ даҳҳо маротиб аз омори расмӣ бештар аст.
Шурои амнияти Қирғизистон вазъ дар марзро "мӯътадил" гуфт
Шӯрои амнияти Қирғизистон вазъ дар марз бо Тоҷикистонро мӯътадил арзёбӣ кардааст.
Ин Шӯро гуфтааст, ки дар марз ҳеҷ далеле барои нооромӣ вуҷуд надорад.
“Талошҳо барои ҳали сулҳомези вазъ аз роҳи гуфтушунид давом дорад”,--гуфтааст ин Шӯро.
Мақомоти Қирғизистон субҳи 4-уми июн изҳорот доданд, ки ҷониби Тоҷикистон низомиёнашро вориди хоки ин кишвар кардааст ва вазъро “муташанниҷ” номиданд.
Ҷониби Тоҷикистон ин изҳоротро “ғайривоқеӣ” номид ва гуфт, ки низомиёни тоҷик дар ҳудуди қаламрави ин кишвар ҷо шудаанд.
Назари Тошиев дар бораи марз. Тоҷикистон онро қабул надорад
Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.
Тошиев ин ҳарфро рӯзи 4-уми июн замони сафар ба Унжу-Булоқи ноҳияи Чон-Алай, наздик ба марзи Тоҷикистон, ба забон овард. Дар ин ҷо субҳи 4-уми июн марзбонони Тоҷикистон дидбонгоҳ дуруст карданд.
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”,--гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.
Субҳи рӯзи 4-уми июн Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъ дар марз бо Тоҷикистонро “муташанниҷ” унвон кард.
Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки марзбонони тоҷик дар мавзеи баҳсӣ вагону контейнер гузоштаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 4-уми июн нашр шуд, нигаронии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро, ки гуиё марзбонони тоҷик дар минтақаи баҳсӣ "дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави ин кишвар, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, нодуруст хонд.
Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ҷойгир кардани посгоҳи сарҳадӣ дар хатти мувофиқашудаи марз ҳаст.
Чархболи Қирғизистон ҳангоми парвоз ба марз сарнагун шуд
Дар вилояти Уши Қирғизистон як чархболи низомие, ки Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и ин кишварро ҳамроҳӣ мекард, дар роҳ ба сӯи ноҳияи Чон-Алай, наздик ба марзи Тоҷикистон, ба замин афтодааст.
Манобеи бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар ин чархбол 14 нафар савор будааст ва чор нафарашон ҷароҳати сабук бардоштаанд. Тибқи иттилои расида, ҳодиса дар деҳаи Кичи-Алайи ноҳияи Арван рух додааст. Гуфта мешавад, ки чархбол оташ гирифта, сӯхтааст.
Ин чархбол ба Вазорати мудофиаи Қирғизистон таалуқ доштааст. Ин Вазорат ҳодисаро то ҳол шарҳ надодааст.
4-уми июн Камчибек Тошиев, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба минтақаи наздик ба марзи Тоҷикистон сафар кард. Ба ин минтақа ду чархбол парвоз доштааст, ки ба гуфтаи расонаҳои Қирғизистон раҳбари КДАМ-и ин кишвар савори чархболи дуюм будааст.
Субҳи рӯзи 4-уми июн Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъ дар марз бо Тоҷикистонро “муташанниҷ” унвон кард.
Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки марзбонони тоҷик дар мавзеи баҳсӣ вагону контейнер гузоштаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 4-уми июн нашр шуд, нигаронии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро, ки гуиё марзбонони тоҷик дар минтақаи баҳсӣ "дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави ин кишвар, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, нодуруст хонд.
Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ҷойгир кардани посгоҳи сарҳадӣ дар хатти мувофиқашудаи марз ҳаст.
Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро оғоз кардаанд.
Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба ҷои Русия ба Қазоқистон корҷӯӣ мераванд
Нархи осмонии билети ҳавопаймо ва гаронии патент барои кор дар Русия бештари муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказиро водор сохтаааст, ки ба ҷои он кишвар ба Қазоқистон бираванд.
Дилшодбек, муҳоҷири корӣ аз Қӯқанди Узбекистон, ки давоми даҳ соли ахир барои кор ба Русия мерафт, мегӯяд, имсол мехоҳад, ба Қазоқистон равад.
"Ҳаққи музди меҳнат дар Қазоқистон кам аст, вале ҳисоб кардам, дар ниҳоят ҳеч фарқе аз даромад дар Русия надорад. Як хешам, ки моҳи май ба Русия рафт, бо наздики 600 доллари амрикоӣ билети ҳавопаймо харид ва 300 доллари дигар барои дарёфти иҷозатномаи кор харҷ кард. Сафар ба Қазоқистон камхарҷтар аст", - изҳор медорад ӯ.
Қазоқистон ҳам зоҳиран барои қабули муҳоҷирон омодааст, Зеро кореро, ки муҳоҷирон бар ивази маблағи ночиз анҷом медиҳанд, сокинони маҳаллӣ нахоҳанд кард.
Мақомоти вилояти Атирауи Қазоқистон моҳи май гуфтанд, ки 600 шаҳрванди Узбекистонро барои кор ба он вилоят бурдаанд. Як моҳ пеш аз ин, барои интиқоли 70 муҳоҷири узбек ба Атирау парвози махсуси ҳавопаймо ташкил карда шуд.
Як роҳрӯби Атирау моҳона наздики 330 доллари амрикоӣ маош мегирад. Ба онҳо ҳамчун корманди шаҳрдорӣ имтиёзҳое низ пешбинӣ шудааст. Тавре расонаҳо менависанд, онҳое, ки дар бахши кишоварзӣ кор мекунанд, моҳона 235 доллар музд хоҳанд гирифт.
Коршиносон мегӯянд, ин маблағ барои муҳоҷирони Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки дар ватан маоши камтар аз онро доранд, "моҳонаи баде нест".
Ҳукми наздик ба афви фаъолони Қазоқистон
Додгоҳе дар шаҳри шимолии Павлодар дар қазияи панҷ фаъоли маҳаллӣ ҳукми наздик ба афвро содир кард. Ин фаъолон ба ҳизби мамнӯи “Коше” (“Кӯча”) рабт доранд, ки дар баробари дигар гурӯҳҳову ҳизбҳои манъшудаи мисли “Интихоби демократии Қазоқистон” (ИДҚ) мавриди саркӯб ва таъқиб мебошад. Бар асоси ҳукми додгоҳ аз 4-уми июн, Нургул Қалуова ба 18 ва чор нафари дигар - Дарин Хасенов, Қалиасқар Амиренов, Жанат Жамалпкев ва Мақсут Аппасов ба як соли маҳдудияти озодӣ маҳкум шуданд. Ин нафаронро созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари минтақавӣ зиндонии сиёсӣ номидаанд.
Қалуова баъди он маъруф шуд, ки ҳамроҳ бо занҳои дигар дар намоиши эътирозии моҳи октябри порсол ширкат ва баробари дигарҳо сарашро тарошида буд. Дар чанд соли охир фаъолону дигарандешони зиёд дар Қазоқистон барои ширкат дар ҳизби мамнӯи “Коше” ва ҳам ИДҚ ва эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. ИДҚ марбут ба мухолифи ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов аст.
“Эътироф”-и Пратасевич зоҳиран таҳти фишор гирифта шудааст
ТВ-и давлатии Беларус як видеои дигареро нашр кард, ки дар он журналисти боздоштшуда аз дохили ҳавопаймои ширкати Ryanair, ки рӯзи 23-юми май дар Минск фуруд оварда шуд, гӯё ба ҷиноятҳои содиркардааш “иқрор” мешавад. Рӯзи 3-юми июн дар барномае бо номи “Ничего личного”, ки дар ОНТ – як телевизиони беларусӣ нашр шуд, Раман Пратасевичи гиряолуд раҳбари худкома Александр Лукашенкаро ситоиш мекунад ва мегӯяд, ки баъди боздошт дар “ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ иқрор мешавад“.
Пратасевич масъули собиқи Телеграм канали Nexta-Live дар пӯшиши хабарии эътирозҳои зидди раҳбари Беларус фаъол буд. Лукашенка аз соли 1994 дар сари қудрат аст ва барои тақаллуби натиҷаҳои интихоботи президентии августи соли 2020 муттаҳам мешавад.
Маълум нест, ки оё сӯҳбат бо Пратасевич дар куҷо ва кай сабт шудааст, вале ин ба истилоҳ мусоҳиба дар як хонаи торике сабт шуда сабтҳои шубаҳовари даврони шӯравиро бо боздоштшудаҳо ба ёд меорад.
Мушовири раҳбари мухолифони Беларус Франак Вячёрка дар Твиттер навишт, ки “чунин “эътирофи” Раман Пратасевичро дидан бисёр дарднок аст. Волидонаш бовар доранд, ки ӯ шиканҷа шудааст. Ин он Романе нест, ки ман мешинохтам”.
Чанд соат пеш аз нашри ин навори видеоӣ, Дмитрий ва Наталя Пратасевич дар сӯҳбат бо ТВ “Настоящее время” гуфтанд, ки мақомот аз роҳи нашри ин ва дигар “эътирофҳо”-и писарашон зоҳиран мехоҳанд гаравгонгирии Раман ва дӯстдухтари ӯ София Сапегаро, ки шаҳрванди Русия аст, сафед кунанд.
Баъди Косово фиристодаи калони ИМА бо мақомоти Сербия гуфтугӯ кард
Ёвари муовини котиби давлатии ИМА Метю Палмер ва фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар музокироти Белграду Приштина Мирослав Лайтсак ба Сербия рафтанд, то ин кишварро ҳам водор бикунанд, ки барои оддӣ шудани равобит бо Косово муколамаро аз сар бигиранд. Александр Вучич, президенти Сербия дар як изҳороташ тавассути Инстаграм рӯзи 3-юми июн баъди анҷоми гуфтугӯяш бо мақомоти амрикоиву аврупоӣ навишт: “Бовар дорам, ки дар муколама бо Косово имкони дастёбӣ ба созиш вуҷуд дорад”. Ҳукумати Сербия гуфтааст, ки оддӣ шудани равобит бо Косово дар авлавияти кор қарор дорад. “Вале пеш аз ҳама бояд мувофиқаҳои қаблан бадастомада иҷро шаванд. Белград аз ҷониби худ тамоми ӯҳдадориҳои кардаашро иҷро намуд ва интизор аст, ки ҷониби дигар мутобиқи ваъда амал кунад”, гуфтааст нахуствазири Сербия Ана Брнабич дар сӯҳбат бо Палмер.
Зимни мулоқоти Палмер ва Лайтсак бо мақомоти Косово намояндагони ҳукумат дар Приштина гуфтаанд, ки ҳоло бо муқобила алайҳи пандемияи коронавирус банд ҳастанд ва муколама бо Сербия дар авлавияти кори онҳо нест. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, ки оддӣ шудани муносибатҳои Сербия ва Косово барои ҳамгироии баъдии онҳо дар сохторҳои авроатлантикӣ хеле муҳим мебошад.
Интиқоли ду ҷасад аз Иркутск ба Тоҷикистон
Аз шаҳри Иркутски Русия ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро ба ватан интиқол доданд. Ин ду нафар, ки 51 ва 62 сол доштаанд, аз бемории ҷигар вафот кардаанд. Чанд рузи пеш Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск дар як муроҷаити видеоӣ аз муҳоҷирони тоҷик даъват карда буд, ки барои фиристодани тобути фавтидаҳо кӯмаки молӣ расонанд. Баъдан Ширинов, дар як навори дигар гуфт, ки маблағ барои интиқоли ҷасадҳо аз тарафи тоҷикон ҳамагӣ дар байни ду соат ҷамъ шуд. Ҳар сол дар Русия садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо иллтаҳои гуногун вафот мекунанд. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта тобути 300 шаҳрванди кишвар аз Русия ба ватан интиқол ёфт. Дастикам панҷоҳ тобутро моҳи июни соли гузашта тавассути роҳи заминӣ оварданд. Баъзе аз ҷасадҳоро дар Русия дафн карданд.
Русия камбуди коргарони хориҷиро дар сохтмон мушкили ҷиддӣ номид
Бо вуҷуди нармтар шудани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия коҳиш меёбад. Аз ҷумла, сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба ин кишвар дар соли ҷорӣ 37 дарсад ва аз Узбекистону Қазоқистон 42 дарсад кам шудааст. Нашрияи русии “Коммерсант” мегӯяд, то 1-уми майи имсол 2 миллиону 680 ҳазор нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ворид шудаанд, ки дар қиёс ба як соли пеш 35 фойиз кам мебошад. Дар айни замон, муовини сарвазир Марат Ҳуснулин ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, норасоии нерӯи корӣ дар сохтмонҳои Русия вазъи фоҷеаборро ба вуҷуд овардааст. Тасмим шудааст, ки роҳҳои оҳан боз шуда, иҷозаи ворид шудани муҳоҷирон бо қатор дода шавад.
Дар як нишасти байналмилалии иқтисодӣ, вазири сохтмони Русия Ирек Файзуллин гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд мушкилоти вуруди муҳоҷирон барои кор дар сохтмон ҳамин тобистон ҳалли худро пайдо мекунад. Файзуллин шумори парвозҳои мунтазам аз Тоҷикистону Узбекистон ба Русияро нокифоя хонда таъкид намудааст, ки дар сурати ризоояти ситоди ҷумҳуриявии Русия оид ба коронавирус ширкатҳои ҳавоӣ омода ҳастанд, ки шумори парвозҳояшонро афзоиш диҳанд.
Дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик гармии бесобиқа пешгӯӣ шудааст
Дар Тоҷикистон дар чанд рӯзи оянда гармии фавқуллода пешгӯӣ шудааст. Маркази обуҳавошиносӣ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд то 7-уми июн гармии ҳаво дар кишвар то 45 дараҷаро ташкил намуда, хокбод низ дар назар аст. Ба сокинон тавсия додаанд, ки рӯзона аз гаштугузори тӯлонӣ дар ҳавои тоза худдорӣ кунанд. Бахусус беморони дил ва онҳое, ки аз фишорбаландӣ азият мешаванд, саломатии худро эҳтиёт намоянд. Ҳамчунин машварат дода шудааст, ки ҳар як сокин дар ин шабурӯзи гармо то ду литр об дар рӯз бинӯшанд.
Боздошти як фаъоли демократӣ дар Ҳонгконг
Полиси Ҳонгконг як раҳбари ҳаракатҳои демократиро боздошт кард, ки барои ташкили маросими шамъафӯзӣ ба хотири қурбониёни саркӯбҳои майдони Тянанмин дар 32-юмин солгарди амалҳои саркӯбгаронаи ҳукумати Чин алайҳи эътирозгарони демократӣ гунаҳор мешавад. Ба иттилои матбуоти Ҳонгконг, хонум Чоу Ҳан Тун, муовини раиси Эътилофи мусоидат ба ҳаракатҳои демократии ватандӯстонаи Чин рӯзи 4-уми июн аз ҷониби полис боздошт шуд. Полис ҳабси ин фаъолро ҳанӯз шарҳ надодааст, вале як манбаи хабаргузории AFP гуфт, ки ин фаъол барои даъват ба ташкили як намоиши ҷамъиятӣ гунаҳгор мешавад. Чоу гуфтааст, ки ба хотири гиромидошти хотири эътирозгароне, ки соли 1989 дар майдони Тянанмини Пекин аз ҷониби низомиён саркӯб шуданд, маросими шамъфарӯзӣ ташкил мекунад.
Мақомот соли дуюм аст, ки мегӯянд, бо сабаби пандемияи коронавирус барои ташкили ин маросим иҷоза намедиҳанд.
Чоу 37-сола буда, яке аз чанд фаъоли равандҳои демократӣ аст, ки берун аз зиндон қарор дорад. Матбуот гуфт, ки ӯро чор ходими амният боздошт намуданд.
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар як изҳорот гуфт, ки ИМА “дар канори мардуми Чин истода, аз ҳукуматаш талаб мекунад, ки ҳуқуқи умумии башарро муроот кунанд”.
HRW ба Зеленский: қонуни амният ба меъёрҳои ҳуқуқи башар мутобиқ шавад
Human Rights Watch (HRW) ва беш аз 20 созмону гурӯҳҳои дигар аз парлумони Украина хостанд, ки пеш аз қабули қонуни нав дар бораи фаъолияти хадамоти амниятии ин кишвар, камбудиҳоро ислоҳ карда, даст ба ислоҳоти ин низом зананд. HRW яке аз 23 созмони маданӣ аст, ки дар номае ба унвонии президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳаммуаллифони тарҳи қонун ислоҳи “бахшҳои мушкилзои қонун”-ро тақозо карданд. Интизор меравад, ки тарҳи ин қонун моҳи ҷорӣ қабул шавад. Ин ислоҳот тағйири кори хадамоти амният ё СБУ-и Украинаро дар назар мегирад. HRW гуфт, ки ҳадафи тағйирот ба як идораи муассир ва риоякунандаи ҳуқуқи башар табдил додани ин ниҳод бояд бошад. Ба қавли дидбони ҳуқуқи башар, дар тарҳи кунунии қонун муқаррароте ҷой дорад, ки барои ҳуқуқи башар таъсири харобиовар дорад, аз ҷумла дар нақшаву кор ва моликияти сохтори интизомӣ бархе ҳолатҳоеро ишора кардааст, ки баръакс, ба нақзи ҳуқуқи инсон равона шудааст. Ҳю Уиллиамсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии HRW гуфт, ки дар аввал бояд чанд бахши мушкилзои тарҳи қонун ҳалли худро пайдо кунад.
Баъди афзоиши якбораи олудашавӣ, тақсими воксинаҳо дар Африқо тақрибан бас шуд
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки ҷараёни тақсими воксинаҳои зидди COVID-19 дар Африқо тақрибан бас шудааст, чун дар ду ҳафтаи ахир дар ин қора афзоиши якбораи ҳодисаҳои олудашавӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад. Дар ҳамин ҳол ИМА эълон кард, ки барномаи таъмини кишварҳои дигарро бо воксина ба роҳ мемонад. Танҳо дар Африқои Ҷанубӣ дар як ҳафтаи гузашта ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус 60 дарсад афзоиш ёфтааст.
Рӯзи 3-юми июн президенти ИМА Ҷо Байден эълон кард, ки барои таъмини кишварҳои нодор дар доираи барномаи COVAX воксинаи зидди COVID-19 фароҳам мекунад. Аз миёни 25 миллион дона ё вояи воксина, 19 миллион адади он ба барномаи COVAX меравад. 5 миллион ададаш барои Африқо нигаронида шудааст.
Ваъдаи Байден дар ҳоле садо дод, ки талабот ба воксина дар ИМА ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст. Чин ҳам, ки гуфт, рӯзи 4-уми июн танҳо 24 ҳодисаи нави олудашавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифтааст, бо тақсими босуръати воксинаҳо машғул аст.
Дар давоми панҷ рӯзи моҳи гузашта Чин 100 миллион адад воксинаҳои худии зидди COVID-19-ро таъмин кард ва дар маҷмӯъ 680 миллион донаро пешкаш кард. Дар Вйетнам ҳам рӯзи 4-уми июн истифодаи воксинаи чинии Sinopharm иҷоза дода шуд. То ҳол дар ин кишвар AstraZeneca ва Sputnik V иҷозаи истифода гирифта буданд.
Як марзбони тоҷик дар ноҳияи Ҳамадонӣ ғарқ шудааст
Як сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар рудхонаи Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ғарқ шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ҷустуҷӯи ҷасади ин марзбон идома дорад.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марзбони ғарқшуда Юсуфҷон Музаффарзода, сокини шаҳраки Бустони ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Музаффарзода тирамоҳи соли 2020 ба артиш даъват шуда, аз шаш моҳ ба ин тараф дар қисми марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ хизмат мекард.
Ба иттилои манбаъ, ин марзбон дар пайи гармии ҳаво хостааст, ки дар рудхонаи Панҷоб шиноварӣ кунад ва ғарқ шудааст. Дар ҳоли ҳозир оби рудхона аз саргаҳи дарёи Панҷ баста шуда, ҷустуҷӯи ҷасади ин сарбоз идома дорад.
Ин бори аввал нест, ки дар ин ноҳияи марзӣ сарбозон ҳангоми оббозӣ ғарқ мешаванд.
НАСА ба сайёраи Зуҳра ду пайки нав мефиристад
Оҷонси парвозҳои ҳавоии ИМА (НАСА) эълом кард, ки барои омӯзиши ҳаво ва хусусиятҳои геологии сайёраи Зуҳра ду пайк ё дастгоҳи нав мефиристад.
Ба иттилои "Садои Амрико", раҳбари НАСА Билл Нелсон рӯзи чоршанбе дар нахустин паёмаш ба кормандони оҷонс гуфтааст, ҳадафи онҳо муайян кардани он аст, ки чи гуна дувумин сайёраи аз нигоҳӣ дурӣ ба Офтоб "дунёи монанд ба ҷаҳаннам" шудааст.
Маъмурияти "ДАВИНЧИ Плюс" бо ташхиси ҳавои Зуҳра машғул хоҳад шуд. Он бояд муайян кунад, ки дар гузашта дар сайёра уқёнус ва ҳаёти органикӣ мавҷуд буд, ё не. Ин нахустин маъмурияти ИМА оид ба омӯзиши ҳавои Зуҳра баъди соли 1978 хоҳад буд.
Маъмурияти дувум "ВЕРИТАС" ном дошта, он таърихи геологии сайёраро хоҳад омӯхт.
Барои ташкили ҳар як маъмурият, ки қарор аст, солҳои 2028 ва 2030 ба ин сайёра фиристода шаванд, 500 миллион доллар харҷ хоҳад шуд.
"Озодии баён дар Узбекистон мурдааст". Муроҷиати рӯзноманигори "Effect.uz"
Хабарнигори расонаи мустақили Effect.uz Элёрбек Тоҷибоев бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ дар Ютуб рӯзноманигорон ва блогерони Узбекистонро аз хатарнок шудани фаъолияти касбияшон дар он кишвар ҳушдор дод.
Ба гуфтаи Тоҷибоев, зидди рӯзноманигорони Effect.uz танҳо барои кушиши ворид шудан ба қабули раиси Додгоҳи ноҳияи Тирмиз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
"Аз ҳамаи шумо даъват мекунам, ки ҳушёр бошед. Иҷозат надиҳед, ки ин ҳодиса бо шумо низ рух диҳад. Муҳтарам мунаққидон, рӯзноманигорони мустақил ва блогерон, озодии баён дар Узбекистон мурдааст", - мегӯяд рӯзноманигори Фарғона дар муроҷиати худ.
Зидди рӯзноманигорон Х. Ахмедов, А. Нуримбетов ва Э. Тоҷибоев бар асоси бандҳои "Муқобилият ба намояндаи давлат ё шахсе, ки вазифаи шаҳрвандии худро анҷом медиҳад", "Дахолат дар раванди тафтишот ё баррасии додгоҳӣ", "Туҳмат" ва "Таҳқир"-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз ва баррасии он 27 май дар Додгоҳи вилояти Қашқадарё оғоз шудааст.
"Effect.uz" моҳи январи имсол видеоеро аз додгоҳи Тирмиз бо иштироки се рӯзноманигори худ нашр кард. Дар он дида мешавад, миёни рӯзноманигорон ва раиси додгоҳ баҳсе сар задааст. Он рӯз қарор буд, додгоҳ ҳукми Икром Худоёрови муттаҳам ба қаллобиро эълом мекард.
Додрас дар навор рӯзноманигоронро ҳушдор медиҳад, ки бидуни иҷозат ҳақ надоранд ба утоқи вай ворид шаванд.
Шӯрои додгоҳ баъди моҷаро изҳоротеро нашр карда, рӯзноманигоронро ба "амалҳои ғайриқонунӣ, таҷовузкории ошкоро ва эҳтиром нагузоштан ба мустақил будани мақомоти додгоҳӣ" айбдор кард.
Ҳарбиёни ИМА соли гузашта дар Афғонистон 20 ғайринизомиро куштаанд
Низомиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, дар амалиёти ҳавоӣ ва заминии онҳо дар соли гузашта дар Афғонистон нохоста 20 шахси ғайринизомӣ ба ҳалокат расидаанд. Ин адад бахше аз парвандаи кушта шудани 23 нафари осоишта дар амалиёти ҳарбии ИМА дар минтақаҳои ҷангӣ дар соли 2020 аст, ки ҳарбиён ба Конгресси Амрико гузориш додаанд. Низомиён маҷбуранд, соле як бор дар ин бора ба Конгресс гузориш диҳанд. Пентагон гуфт, илова бар 20 кушта дар Афғонистон, панҷ нафар дар ин кишвар маҷрӯҳ шуданд. Бино бар гузориш ин воқеаҳо дар ҷараёни 7 амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ дар моҳҳои январ ва феврали имсол рух додаанд. Ҳамчунин як ғайринизомӣ моҳи феврали соли 2020 дар Сомалӣ ва дигаре моҳи марти ҳамон сол дар Ироқ кушта шудаанд. Дар гузориш мушаххас карда нашудааст, ки қурбониёни дигар кай, дар куҷо ва дар чӣ шароит ба ҳалокат расидаанд. Теъдоди ғайринизомиёни кушташуда аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле камтар аст. Ин натиҷаи коҳиши амалиёти ҳарбӣ дар давраи пандемияи коронавирус мебошад. Дар санад гуфта мешавад, ки ҳарчанд Конгресс ҳамасола барои ҷуброни молӣ ба хонаводаҳои қурбониён 3 миллион доллар ҷудо мекунад, ба наздикони кушташуда ва захмишудагони соли 2020 ҳеч гуна ҷуброн пардохта нашудааст.
Фишор ба RFE/RL дар Русия густариш меёбад
«Роскомнадзор», танзимгари васоити ахбори оми Русия, хабар дод, ки мехоҳад, зидди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) 130 протоколи дигар ба миён гузорад. Дар онҳо RFE/RL ба поймол кардани қонуни баҳсбарангези "агенти хориҷӣ" -и Русия гунаҳкор карда мешавад, ки нишонгузории хабару гузоришҳоро ҳамчун маҳсули кори «агенти хориҷӣ» пешбинӣ мекунад. Бар пояи ин даъвоҳо, ки 2-уми июн расонаӣ шуданд, «Роскомнадзор» аз RFE/RL талаб мекунад, ки 71,5 миллион рубл ё тақрибан 980 ҳазор доллар ҷарима супорад. Интизор меравад, ин айбнома аз 15 июн то 6 июл ба додгоҳ фиристода шаванд. То ҳоло «Роскомнадзор» RFE/RL-ро ба 520 мавриди вайрон кардани қонуни "агенти хориҷӣ" айбдор кардааст, ки ҳамаи онҳо ба нишонагузории матолиби ин расона рабт доранд. Даъвоҳои нав шумори умумии ин мавридҳоро ба 650 адад ва маблағи ҷаримаро ба 3,4 миллион доллар мерасонанд. Бино бар қонун расонаҳое, ки агенти хориҷӣ дониста мешаванд, бояд ҳар матлаби худро нишона гузоранд, ки аз тарафи агенти хориҷӣ омода шудааст. Президенти RFE/RL Ҷейми Флай рӯзи 2-юми июн дар як изҳорот гуфт, ки Русия талош дорад, намояндагии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар Маскав ба нестӣ расонад. Флай афзуд, ки фишор ба RFE/RL ва дигар расонаҳои мустақил "танҳо ба мардуми Русия зарар мерасонад, зеро онҳоро аз интихоби иттилоъ маҳрум мекунад." Вай гуфт, ки Радиои Озодӣ бо вуҷуди ҳамлаҳои "хашмгин" ба амалиёти худ талошҳояшро барои расонидани хабарҳои росту дуруст ба шунавандагони худ дар саросари Русия дучанд хоҳад кард.
COVID-19 дар Қазоқистон. Боз 1400 сироят ва 19 фавт
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта 1385 марвиди сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд. Шумораи умумии маврдиҳои тадсиқшуда дар ин кишвар аз моҳи марти соли 2020 ба ин сӯ ба 390 376 адад расид.
То 1 июн дар ин кишвар 15 марг аз COVID-19 и чаҳор фавт аз «пневмония» ё илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии фавт аз коронавирус то ҳоло ба 4007 адад расида, даргузашти 3376 кас ба илтиҳоби шуш рабт дода мешавад.
Бо оғози эмгузаронии зидди корона дар Қазоқистон дар моҳи феврал то ҳоло 158 ҳазор нафар воксинзанӣ шуданд.
Ба маълумоти Донишгоҳи амрикоии Ҷон Ҳопкинс 171,5 миллион нафар дар саросари ҷаҳон гирифтори COVID-19 шуда, 3,6 миллион нафари онҳо фавтидаанд.
Дар Бишкек коршикании ронандагони мусофирбарҳо идома дорад
Ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бишкек корпартоӣ бо талаби боло бурдани нархи роҳкиро аз 10 то ба 15 сом барои як нафар идома медиҳанд.
Вакилон дар ҷаласаи 3 июн аз девони вазирон ва шаҳрдории Бишкек хостанд, ки ба мушкили корпартоии ронандагони мусофирбар зудтар расидагӣ шавад. Вакил Ирина Карамушкина шаҳрдории пойтахти Қирғизистонро барои нотавониаш дар ҳалли саривақтии мушкили сокинон танқид кард.
Коршикании ронандагони мусофирбарҳо дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 3 июн низ идома ёфт. Онҳо 2 июн бо талаби боло бурдани нархи роҳкиро корпартоиро оғоз карда буданд.
Ду рӯзи пеш намояндаи ширкати мусофиркашонӣ шаҳрдориро аз тасмими корпартоии мусофиркашонҳо огоҳ карда буд. Мусофиркашонҳо боло бурдани қимати роҳкироро талаб доранд.
Дар Бишкек 42 ширкат хадамоти мусофиркашониро таъмин мекунанд. Дар ин ширкатҳо наздики се ҳазор нақлиёти ҷамъиятӣ ба фаъолият машғул аст. Ҳаққи роҳкиро рӯзона 10 сом (муодили тақрибан 1,5 сомонӣ) ва шабона 12 сом (муодили қариб 1,8 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Мусофиркашҳо мегӯянд, ин маблағ харҷи онҳоро намепӯшонад.
Мусофиркашҳои Бишкек зимистон низ талаби бештар кардани роҳкироро доштанд. Он замон онҳо талаб карда буданд, ки роҳкиро аз 10 сом ба 20 сом расонида шавад.
Шарҳҳоро бинед (11)
Боз кардани шарҳи бештар