Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди андоз ба ҷои патент. Русия барои муҳоҷирон қоидаи нав ҷорӣ мекунад? ВИДЕО


Красногорск, маркази ягонаи муҳоҷират. Дар ин муассиса коргарони хориҷӣ барои гирифтани патенти кор ҳам саф мекашанд
Красногорск, маркази ягонаи муҳоҷират. Дар ин муассиса коргарони хориҷӣ барои гирифтани патенти кор ҳам саф мекашанд

Вакилони  ҳизби “Справедливая Россия”  мехоҳанд, низоми патентӣ дар ин кишвар аз байн бурда шавад. Тарҳи лоиҳаи қонун дар ин бора ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст.  

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии “Ведомости”, дар тавзеҳномаи лоиҳа гуфта мешавад, ки феълан муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия бо патент кор мекунанд. Ин санад барои 12 моҳ дода ва баъдан ҳар сол дароз карда мешавад. Нархи он дар минтақаҳои мухталифи Русия аз 2724 то 10 929 рублро ташкил медиҳад.

Ба бовари вакилони “Справедливая Россия”, назорат аз болои механизми додани патент ва риояи шартҳои гирифтани он натавонист аз кори ғайрирасмии муҳоҷирон пешгирӣ кунад. Бинобар ин, вакилони “Справедливая Россия” пешниҳод доранд, ки патент аз байн бурда ва ба ҷояш як қоидаи умумӣ ҷорӣ карда шавад, ки тибқи он корфармоён ҳақ дошта бошанд бо иҷозати дахлдор муҳоҷиронро ба кор ҷалб кунанд.

Дар навбати худ, ба истиснои ширкаткунандагони барномаи “Переселение”, муҳоҷирони дигар танҳо дар сурати доштани иҷозатнома ҳаққи кор хоҳанд дошт. Дар сурати қабул шудани чунин қарор, аз ҳамаи муҳоҷирони кории хориҷӣ талаб хоҳад шуд, ки ба мисли шаҳрвандони Русия маблағи пурраи андози даромади инфиродиро, ки 13 дарасадро ташкил медиҳад, пардохт кунанд.

Пешниҳоди андозбандии комили муҳоҷирон ба ҷойи патенти корӣ дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

Вале дар ниҳоят, андози ҳармоҳа метавонад аз маблағи патент ҳам бештар шавад. Яъне, аз нигоҳи вакилон, ҳоло муҳоҷирон ба фарқ аз шаҳрвандони Русия даромади бештар доранд, аммо андози камтар месупоранд ва бояд аз баъзе имтиёзҳои беасоси андоз, ки ҳоло вуҷуд дорад, фавран маҳрум гарданд. Дар лоиҳаи қонун ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки ҳамаи муҳоҷирон ҳангоми гирифтани иҷозатномаи кор бояд ҳатман изи ангушт супоранд ва аксбардорӣ шаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, агар низоми патентӣ аз байн бурда шавад, ба манфиати муҳоҷирон нахоҳад буд. Муҳаммадҷон Собиров, ҳомии ҳуқуқ гуфт, "фарз кардем, агар маоши муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия ба ҳисоби миёна 80 ҳазор рубли русӣ бошад, беш аз 10 ҳазор рублаш ҳамчун андоз гирифта хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки пули патент дар Маскав 6 ҳазору 600 рубл дар як моҳ аст".

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 10-уми ноябр мақомоти вилояти Тула эълон карданд, ки муҳоҷиронро бо патент дигар дар соҳаи савдо ва мусофиркашонӣ ба кор намегиранд. Ду рӯз пештар аз ин раҳбари вилояти Челябинск маҳдудияти ҷалби муҳоҷирон ба таксиронӣ ва мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятро то як соли дигар дароз кард. Чунин қарор чанд соли ахир дар вилоятҳои Калугаву Тюмен ва минтақаи худмухтори Ханта-Мансийск амал мекунад.

Ин ҳама сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки мақомот Русия гуфтанд, соли оянда нархи патент дар баъзе гӯшаҳои ин кишвар баланд бурда мешавад. Аз ҷумла, дар Маскав ва вилояти Маскав арзиши патент аз моҳи январ 7500 рубл хоҳад буд. Дар Санкт-Петербург - 4 ҳазору 600 рубл ва дар вилояти Перм 5 ҳазору 200 рублро ташкил хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи нав аз 7-уми январи соли 2024 муҳоҷирон баъди гирифтани патент дар муддати ду моҳ бояд шӯъбаи корҳои дохилиро дар бораи фаъолияти меҳнатиашон хабардор кунанд. Дар сурати ғайр патенташон бекор карда мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG