Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Амрико ва Эрон ба созиш "бисёр наздик" шудаанд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Вашингтон, 11-уми апрели 2026
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Вашингтон, 11-уми апрели 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ба созиш барои хатми ҷанг наздик буда, шояд охири ҳафтаи равон ҳайатҳои ду кишвар бори дуюм сари мизи музокирот нишинанд. Ӯ рӯзи 16-уми апрел дар Қасри Сафед гуфт, Теҳрон ризоят дод, ки дар давоми бист соли оянда барномаҳои ҳастаияшро канор гузорад.

"Хеле муҳим аст, ки Эрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ нашавад. Мо ба он розӣ шудем. Эрон ҳам ба таврӣ қотеона ба он мувофиқат кард, ки хокаи ҳастаиро аз анборҳои зеризаминӣ ба мо таслим кунад. Мо бо ҳавопаймоҳои B-2 ба он мавзеъҳо ҳамла карда будем," – афзуд раисҷумҳури Амрико.

Доналд Трамп сипас дар як нишаст дар Лас Вегас такрор кард, ки ҷанг бо Эрон ба зудӣ хотима меёбад: “Ҷанг бо Эрон мисли об ҷараён дорад. Мо ҳар кореро, ки хоҳем, амалӣ мекунем. Ҷанг бояд ба зудӣ хотима ёбад. Ин олист. Нерӯи мо. Низомиёни мо. Нерӯҳои мусаллаҳи мо нерӯмандтарин дар олам ҳастанд. Ман ин нерӯҳоро дар соли аввали раёсатҷумҳуриам бунёд кардаам."

Президенти Амрико дар бораи созиш барои хатми ҷанг бо Эрон, ки 28-уми феврал бо ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроил оғоз ёфтааст, маълумоти бештар надод.

Вай афзуд, дар мавриди тамдиди оташбаси дуҳафтаина, ки 22-юми апрел хотима меёбад, мутмаин нест ва агар то он замон созиш ба даст наояд, бархӯрдҳо аз сар гирифта мешаванд.

Трамп хотирнишон кард, ки Исроилу Лубнон ба оташбаси даҳрӯза мувофиқат кардаанд ва “Ҳизбуллоҳ” ҳам дар ин созиш шомил аст. Гурӯҳи ҷангҷӯйи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва ҷиноҳи сиёсии он бахши бузурги ҷануби Лубнонро зери назорат қарор додаанд. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ мешуморад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳи мусаллаҳи онро дар рӯйхати сиёҳаш ҷой додааст.

Раисҷумҳури Амрико пешбинӣ мекунад, ки дар як ё ду ҳафтаи наздик сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва президенти Лубнон Ҷозеф Аунро дар Қасри Сафед ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Нетаняҳу дар як паёмаш тасдиқ кардааст, ки Исроил ба оташбас мувофиқат кардаву ҳоло баъди даҳсолаҳои ҷанҷол имкони имзои созиши таърихӣ бо Лубнон ба вуҷуд омадааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷо:

Трамп: Амрико ва Эрон ба созиш "бисёр наздик" шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00
Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG