Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти зиндонҳои Русия гуфт, Навалнийро ба беморхонаи зиндон интиқол доданд


Акс аз 29-уми июли соли 2019. Алексей Навалний дар як беморхонаи Маскав
Акс аз 29-уми июли соли 2019. Алексей Навалний дар як беморхонаи Маскав

Мақомоти зиндонҳои Русия гуфтанд, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалий ба бемористони зиндон интиқол меёбад. Ин қарор дар ҳоле гирифта шуд, ки мунаққиди Кремлин 20 рӯз мешавад, ки гуруснанишинӣ эълон карда, хабарҳо аз якбора бад шудани саломатии ӯ ба даст мерасанд. Дар изҳороти хадамоти зиндонҳои Русия рӯзи 19-уми апрел гуфта шуд, ки “феълан саломатии А.Навалний қаноатбахш арзёбӣ мешавад. Ӯро ҳамарӯза духтур муоина мекунад. Бо ризоияти бемор, ӯро бо витамин муолиҷа мекунанд”.

Пеш аз ин духтури хусусии Навалний ва се табиби дигар, аз ҷумла, духтури дил дар номае ба раҳбарияти Хадамоти федеролии зиндонҳо бо таъкид ба ин ки “ҳар лаҳза” метавонад дили Навалний аз кор монад, талаб карданд, ки барои муоинаи ӯ иҷоза диҳанд.

Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний ҳушдор дод, ки агар ба зудтарин фурсат чораандешӣ нашавад, Навалние, ки чанд моҳ пеш аз ин аз заҳролудшавӣ бо заҳри низомии “Новичок” табобат гирифтааст, метавонад дар рӯзҳои башумор “ҳалок шавад”.

Вазъи Навалний равобити то имрӯз бадшудаи миёни Русияву Ғарбро бадтар мекунад. Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 18-уми апрел гуфт, ҳукумати ИМА ба Русия гуфтааст, ки агар Навалний дар зиндон “бимирад”, ин ҳолат “паёмад хоҳад дошт”.

Қазияи Навалний рӯзи 19-уми апрел дар ҷаласаи вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад. Жозеп Боррелл, дипломати аршади аврупоӣ дар остонаи нишасти ИА ҳушдор дод, ки Маскавро барои вазъи сиҳҳатии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат ҷавобгар хоҳад кард.

Навалний моҳи августи порсол замоне, ки аз як сафари корӣ дар Сибир ба Маскав бармегашт, аз ҳуш рафт ва баъди ин озмоишгоҳҳои аврупоӣ гуфтанд, ки ӯро бо заҳри “Новичок” заҳролуд кардаанд. Худи Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар амр додани заҳролудкунии ӯ айбдор кард, вале Кремлин ин иттиҳомро рад кардааст. Моҳи феврали имсол, вақте Навалний аз муолиҷа дар Олмон баргашт, додгоҳ ӯро барои, ба гуфтааш, вайрон кардани қарори додгоҳи соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ, ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард.

18-уми апрел муттафиқони Навалний аз мардум даъват карданд, ки рӯзи 21-уми апрел, пеш аз он ки ба Навалний “осеби ислоҳнопазир” расонида шавад, ба эътирозҳои дастаҷамъӣ бароянд. 19-уми апрел яке аз муттафиқони дигари Навалний - Владимир Милов эълон кард, ки ба хотири боздошт нашуданаш кишварро тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG