Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон як сиёсатшиноси маъруф бо гумони "хиёнат" боздошт шуд


Марат Қазоқбоев, сиёсатшиноси шинохтаи Қирғизистон
Марат Қазоқбоев, сиёсатшиноси шинохтаи Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон тасдиқ кард, ки дар миёни афроди боздоштшуда бо гумони “хиёнат ба давлат” сиёсатшиноси маъруфи маҳаллӣ Марат Қазоқбоев (Казакпаев) ҳам ҳаст. Исми нафари дуюм танҳо бо ҳарфҳои аввали номаш М.Т. ёд шудааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, рӯзи 13 апрел дар КДАМ хабар доданд, ки дар чаҳорчӯби таҳқиқоти пеш аз додгоҳӣ бар асоси моддаи 307-и КҶ Қирғизистон (“Хиёнат ба давлат”) ду нафар боздошт шудаанд. Матбуот маълум кард, ки яке аз онҳо сиёсатшиноси маъруф аст.

КДАМ гуфтааст, ки «далелҳои қотеъ» ба даст омадааст ва «бо сабаби махфӣ будани парванда, дар поёни тафтишот ба ҷомеа тафсилоти он ироа мешавад». Парвандаи мазкур дар сурати гунаҳгор эътироф шудани шахс то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Маълум нест, ки вокуниши худи Қазоқбоев чӣ аст ва то куҷо худи ӯ бо иттиҳоми ворида розӣ аст ё на. Мақомот ҷузъиёти ҷинояти эҳтимолии содиршударо шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG