Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний шикоят дорад, ки дар зиндон ба ӯ китоби Қуръонро надоданд


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Раҳбари зиндонии мухолифини Русия гуфтааст, ки дар маҳбас ба ӯ бастаи китобҳо, аз ҷумла Қуръон, китоби муқаддаси мусулмононро надоданд ва ӯ ба зидди раҳбарияти муассиса ба додгоҳ шикоят кард.

Алексей Навалний дар зиндони рақами 2 дар вилояти Владимир нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ рӯзи 13-уми апрел дар Инстаграм навишт, мехост, ҳангоми дар зиндон будан Қуръон ва суннати паёмбари Исломро омӯзад ва дарк кунад. "Ман як моҳ пеш ба ин ҷо омадам ва як баста китоб овардам. Як бастаи дигар китоб фармоиш додам, аммо то ҳол ба ман китоб надоданд", -- афзудааст ӯ.

Сиёсатмадор иддао дорад, ки кормандони зиндон мехоҳанд, ҳар як китоб, аз ҷумла Қуръонро бисанҷанд, ки "мазмуни ифротгароӣ" доранд ё не. Ва ин, ба қавли ӯ, се моҳро дар бар мегирад.

Навалний гуфтааст: "Ҳама беохир дар бораи Ислом ва мусулмонон баҳс мекунанд ва, албатта, 99 дарсади мубоҳисон дар ин бора чизе намефаҳманд... Албатта, онро қаблан хонда будам. Ба монанди дигарон. Яъне, "ба номаш хондам, вале чизе намефаҳмам". Ин барои ман кофӣ нест. Дар омади гап, дарк кардам, ки рушди ман ҳамчун масеҳӣ омӯзиши Қуръонро талаб мекунад. Ҳатто худбоварона қарор кардам, ки онро аз бар мекунам."

Пешвои зиндонии мухолифини Русия гуфтааст, барои гирифтани китобҳои фармоишдодаи худ як моҳ боз бо масъулони маҳбас музокирот дорад.

Аз ин пеш мухолифи ҳукумати Русия гуфта буд, масъулони маҳбасе дар вилояти Владимир таҳдид кардаанд, ки ба ӯ маҷбурӣ хӯрок медиҳанд. Навалний дар он ҷо гуруснанишинӣ эълон кардааст.

Пешвои зиндонии мухолифини Русия аз сиҳатиаш ва бахусус дарди камар ва пой шикоят дорад. Пизишкони маҳбас гуфтанд, ӯ дар камараш ду "грижа" дорад ва табаш баланд асту месулфад.

Ҷонибдоронаш мегӯянд, то кунун иҷозат нашудааст, ки пизишки мавриди эътимоди Навалний ӯро муоина кунад. Аз ибтидои гуруснанишинӣ мухолифи рус 8 кило ва аз оғози ҳабс 15 кило лоғар шудааст.

Алексей Навалний бо қарори додгоҳи ноҳияи Симонови шаҳри Маскав аз 2-юми феврали имсол ва дар доираи парвандаи "Ив Роше" 2,5 сол зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG