Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний пас аз интиқол ба як зиндони дигар аввалин паёми худро фиристод


Даромадгоҳи зиндоне, ки Навалний онҷо нигаҳдорӣ мешавад.

Алексей Навалний, раҳбари мухолифони ҳукумати Русия, ки аз як зиндони Маскав ба минтақаи Владимир, 100-километрии шимол-шарқи пойтахти Русия, интиқол дода шуд, аввалин паёми худро фиристод. Ин маҳбас яке аз зиндонҳои низомаш сахт дар бахши аврупоии Русия гуфта мешавад.

Навалний дар паёми худ, ки рӯзи 3-юми март дар "Инстаграм" нашр шуд, гуфт, ӯ дар маҳбаси шаҳраки Колчугино бо зиндониёни дигар ба сар мебарад. Вай дар ин паём гуфтааст, вазъияти маҳбас барояш хуб аст ва ҳатто дар саҳни ҳавлӣ барои гардиш меравад ва васоили варзиш ҳам дорад.

Навалний дар идома навиштааст, ӯву зиндониёни дигар дар утоқҳо хӯрок мехӯранд, чун иҷоза надоранд, аз дӯкони маҳбас ғизо бихаранд. Мақомҳои Русия маъмулан дар бораи интиқоли зиндониён танҳо пас аз "ба манзили мақсуд" расонидани онҳо маълумот медиҳанд.

Алексей Навалний дар моҳи январи имсол ҳангоми бозгашт аз Олмон ба Русия дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд. Додгоҳ моҳи феврал Навалнийро ба 2,6 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯву тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Ҳабс ва ҳукми зиндони Навалний эътирозу норизоиятҳои зиёде дар дохили Русия ва ҳам маҳкумиятҳои ғарбро ба бор овард.

Навалнийро ба он муттаҳам карданд, ки қарори додгоҳ аз соли 2014 оид ба ҳабси шартиро нақз кард, ин дар ҳоле буд, ки Навалний аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомии сохти Шӯравӣ аз моҳи август дар табобат қарор дошт. Оғози моҳи феврал қарори додгоҳ ҳабси шартии ӯро ба ҳабси воқеӣ табдил кард.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ният доранд, дар як иқдоми ҳамоҳангшуда Русияро барои заҳролуд ва зиндоникунии Алексей Навалний таҳрим кунанд. Манбаъҳои дипломатии аврупоиҳо рӯзи 1-уми март гуфтанд, аъзои ИА бо таҳрими чаҳор мақоми бахши адлияву қонунгузории Русия мувофиқат карданд. Ин афрод дар боздошти Навалний даст доранд. Дар ҳамин ҳол, ду манбаъ дар маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден ба Reuters ва CNN гуфтанд, ки барои иқдом ба муқобили Русия омода шудаанд.

Баъзе аз манбаъҳо дар Аврупо гуфтанд, афроди мавриди таҳрими эҳтимолӣ инҳо мебошанд: Александр Калашников - раиси хадамоти федеролии зиндонҳо, Александр Бастрикин - раиси Кумитаи тафтишоти Руия, Игор Краснов - додситони кулл ва Виктор Золотов - раиси Горди миллӣ. Таҳримҳои нав дар ҳолест, ки соли гузашта Иттиҳоди Аврупо барои заҳролуд кардани Навалний аллакай як дафъа Русияро таҳрим карда буд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG