Алексей Навалний, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Русия, рӯзи 31-уми март дар эътироз ба маҳрум карданаш аз хадамоти тиббӣ, гуруснанишӣ эълон кард. Ӯ ҳафтаи гузашта эълон карда буд, ки аз дарди сахт дар камар ва пойҳояш ранҷ мебарад.
Ба гуфтаи Алексей Навалний, кормандони зиндон давоми шаб ҳар соат ӯро аз хоб бедор мекунанд ва раҳбарияти зиндон то ҳанӯз ба дархостҳо барои дарёфти ёриҳои тиббӣ посух надодааст.
Ин раҳбари мухолифони ҳукумати Русия дар як нома ба раиси зиндон, ки рӯзи чаҳоршанбе аз сӯйи ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфтааст, ба талабҳои пайвастаи ӯ барои муоина тавассути табиби мавриди назараш ва дарёфти доруҳои муносиб ҳеҷ таваҷҷуҳ нашудааст.
Ӯ дар бахше аз ин нома навиштааст, "ман воқеан ба як табиб ниёз дорам. Ҳар зиндонӣ тибқи қонун метавонад, дархост кунад, ки табиби мутахассис ӯро муоина кунад. Ҳатто ман, ки бегуноҳ ҳастам, чунин ҳаққе дорам. Мехоҳам, ба як табиб иҷоза дода шавад, маро муоина кунад ва эълон мекунам, то вақте ин дархост иҷро нашавад, гуруснанишинӣ хоҳам кард".
Масъулини зиндон то кунун ба гуруснанишинии Навалний вокунише нишон надодаанд. Ин зиндон дар 100-километрии шарқи Маскав қарор дорад. Мақомоти ин зиндон ҳафтаи гузашта пас аз муоинаи Навалний эълон карданд, ки вазъи саломатияш "ризоятбахш" аст.
Раёсати ҷумҳури Русия ҳам дар ин робита ибрози назар накарда ва гуфтааст, ин масъала дар салоҳияти Идораи зиндонҳои он кишвар аст.
Гурӯҳе аз кормандони хадамоти дармонии Русия рӯзи якшанбе якшанбе бо нашри номаи боз хостори ироаи хадамоти тиббии муносиб ба Алексей Навалний шуданд. Онҳо дар бахше аз ин нома навиштанд, "мо нигарони саломатии ӯ ҳастем. Раҳо кардани бемор дар чунин шароите мумкин аст ба осебҳои ҷуброннопазир сабаб шавад".
Алексей Навалний мегӯяд, дарди сахт дар камар ибтидо ба пойи рост ва сипас ба пойи чапаш сироят кардааст.
Ӯ, ки моҳи августи порсол дар минтақаи Сибир бо сафари корӣ қарор дошт, ҳангоми бозгашт ба Маскав дар дохили ҳавопаймо худро бад ҳис карду беҳуш шуд. Ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омад ва ӯро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд.
Баъди чанд рӯз ӯро ба Олмон бурданд ва дар он ҷо маълум шуд, ки ӯ бо заҳри низомии “Новичок” заҳролуд карда шудааст. Ҳангоми бозгашт аз табобат моҳи январ Навалний дар фурудгоҳи Маскав боздошт ва дар нақзи ҳукми ҳабси шартии соли 2014 гунаҳкор шуд. Оғози моҳи феврал ӯро ба 2,5 соли зиндон маҳкум карда, ба маҳбас андохтанд.
Қабл аз ин дар як филми таҳқиқотӣ Навалний ва тими ӯ собит карданд, ки дар заҳролудкунии ӯ ходимони мушаххаси ФСБ гунаҳкоранд, вале мақомот дар Маскав ин иттиҳомотро рад карданд.
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам
Ахсан ба Икболи Лохури! Бисёр мехохам дар мавзухои дигар хам шарххо бо истифода эчодиёти Мухаммадикболи Лохури бинависи ва дигарон аз он бахра баранд. Аз ОЗОДИ хам хохиш дорам дар бораи Мухаммадикболи Лохури барномаеро пешкаш намояд.
Коммунистони Кремл халқи тоҷикро 70-сол мағзшӯӣ карданд, ки дин бад аст, дин афюни халқ аст, дин фалон асту фалон аст, нурӣ дар як шаб хост ин халқи 70-соларо ба низоми исломӣ мутобиқ кунад, он ҳам бо зӯри силоҳ хок бар. Сангаку ғайри сангак, ки ба гуфтаи худашон “нону намаки коммунизм”-ро хӯрда буданд, ба хашм омаданд, онҳо ҳам бо силоҳ муқобилият карданд. Елтсину Каримов ба оташ равған рехтанд, КГБ-и коммунистӣ ҷангро мудирият кард, 300-ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд, садҳо ҳазор гуреза, шаҳру деҳот хунолӯд, 100-миллиард сомонӣ зарари моддӣ, иқтисод касоду мақомот фалаҷ, мотам андар мотам. Имрӯз ҳам кабирӣ мехоҳад низоми “исломӣ”-ро, ки решааш аз теҳрон об мехӯрад, ба сари халқи тоҷик таҳмил диҳад. Ин шабу рӯз бубинед, ки халқи эрон (низоми “исломӣ”) чӣ ҳолу аҳвол доранд?!