Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International Навалнийро дигар "маҳбуси ақидатӣ" наменомад


Созмони байналмилалии Amnesty International тасдиқ кард, ки ба Алексей Навалний дигар истилоҳи "зиндонии ақидатӣ"-ро мансуб намедонад, чун дар гузашта ин раҳбари мухолифони Русия ба хушунат даъват карда, шарҳҳои таҳқиромез ба забон овардааст.

Айни замон, созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки аз талабаш барои озод кардани Навалний намегардад. Денис Кривошеев, муовини раиси дафтари Amnesty International барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар як посухи имейлӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "Amnesty International як қарори дохиликорӣ қабул кард ва ба хотири ҳарфҳое, ки Алексей Навалний дар гузашта задааст, ӯро маҳбуси ақидатӣ намеҳисобад".

Кривошеев гуфт, "Навалний аз бархе аз шарҳҳояш дар гузашта, ки ба таблиғи нафрат наздик мешаванд, ошкоро даст накашидаст ва ба ҳамин хотир, ба мафҳуми маҳбуси ақидатӣ мутобиқат намекунад".

Айни замон, ба қавли Amnesty International, дар солҳои охир Навалний дигар чунин шарҳу назарҳоро ба забон наовардааст. Кривошеев айни замон таъкид кард, ки қарори созмони ҳомии ҳуқуқ ба маъракаи муборизаи онҳо барои озодии билофосилаи Навалний ва ҳам хатми таъқибҳо таъсире нахоҳад дошт.

Amnesty International баъди ҳабси Навалний дар Маскав ӯро "маҳбуси ақидатӣ" унвон кард. Кривошеев гуфт, ки Навалний ҷинояте содир накардааст ва ба гуфтааш, ин созмон номаеро бар пояи 200 ҳазор имзо ба номи мақомоти Русия ирсол карда озодии билофосилаи Навалнийро талаб кардааст.

Ин созмон натиҷагирӣ кардааст, ки Навалний "сирф барои таҳқиқоти зиддикоррупсионии сулҳомез, фаъолияти сиёсву интиқодаш аз ҳукумати Путин зиндонӣ шуд. Маъракаи мо ба хотири хатми ноадолатӣ нисбати Навалний ва бисёр дигарҳо дар Русия идома хоҳад кард".

Дар бораи қарори Amnesty International рӯзи 24-уми феврал нахуст журналисти амрикоӣ Аарон Мейт ва баъдан вебсайти Mediazona ҳам хабар доданд.

Александр Артемев, мудири дафтари Русия ва Авроосиёи Amnesty International навишт, ки қарори созмон бар пояи аризаву номаҳо бо "видеоҳои қадимаву шарҳҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки Навалний дар онҳо изҳороти зиддунақиз додааст", гирифта шуд. Артемев гуфтааст, ки сухан аз миёнаҳои даҳаи аввали солҳои 2000-ум меравад.

Навалнии 44-сола баъди бозгашташ аз Берлин дар таърихи 17-уми январ дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав боздошт шуд. Ӯ аз моҳи августи соли 2020 дар пойтахти Олмон аз осори заҳролудшавӣ бо заҳри низомии шӯравӣ табобат мегирифт. Навалний гуфт, ки ӯро бо фармони президент Путин заҳролуд карданд, вале Кремлин ин иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст.

Соли 2014 Навалний барои азхудкунии маблағҳо гунаҳгор дониста шуд, вале мунтақидон гуфтанд, ки ҳукми додгоҳ дорои ангезаҳои сиёсӣ аст ва боздошти ӯ дар моҳи январ эътирозҳои азими тарафдоронашро дар шаҳрҳои Русия барангехт.

Моҳи феврал додгоҳ ҳукми шартии ҳабси 3,5-солаи Навалнийро ба ҳукми 2,5 соли ҳабси воқеӣ иваз кард.

Дар додгоҳи ҷудогонаи дигар бар асоси шикояти собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар бораи "тӯҳмат" рӯзи 20-уи феврал Навалний ба пардохти 850 ҳазор рубл ҷарима ($11,500) муваззаф шуд. Шикояткунанда як қаҳрамони навори видеоии таблиғкунандаи Кремл ва Путин буд.

Amnesty International гуфт, вақте Навалнийро ҳабс карданду ин созмон ӯро маҳбуси виҷдон ақидатӣ, ба унвонии созмони ҳомии ҳуқуқ аз муаллифони номаълум номаҳои зиёди шикоятӣ дастрас шуд.

Созмони зидди фасоди Навалний бисёр мақомоти Русия, аз ҷумла, мансабдорони баландпояи ҳукумат ва ҳам худи Путинро ҳадаф қарор додааст.

Дар давоми фаъолияти сиёсиаш Навалнийро борҳо барои ҳамкориву наздикиаш бо миллатгароҳои Русия ва ҳам изҳороте интиқод кардаанд, ки хусусияти нажодпарастона ва хатарнок дорад.

XS
SM
MD
LG