Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гуфт, киштии ҳабсшудаи эронӣ маводи корбасти дугона дошт

Киштиву нафткашҳо дар обҳои Ҳурмуз
Киштиву нафткашҳо дар обҳои Ҳурмуз

Хабаргузории Ройтерз бо такя ба чанд манбааш навиштааст, ки киштии “Туско” бо парчами Эрон, ки  аз ҷониби ИМА дар оброҳаи Ҳурмуз боздошт шуд, эҳтимол маводи корбасти дугона дорад. Яъне ҷиҳозе, ки метавонад ҳам дар бахши низомӣ ва ҳам мулкӣ истифода шавад.

Нерӯҳои амрикоӣ онро рӯзи 19-уми апрел боздошт ва борашро мусодира кардаанд. Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, он маводе дошт, ки метавонад дар бахши низомӣ низ истифода шавад. Мақомоти Эрон ин масъаларо шарҳ надодаанд, вале амалкарди Амрикоро “роҳзании баҳрӣ” номиданд.

Ба гуфтаи манобеи амниятии Ройтерз, ин киштии борбари Эрон таҳти таҳрими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.

Мақомоти ИМА гуфтанд, сарнишинони “Туско” давоми шаш соат ба ҳушдори онҳо беэътиноӣ карда хостанд аз ин оброҳа гузаранд. ИМА гуфтааст, то Эрон созиш накунад, ба киштиҳояш иҷозаи гузаштан намедиҳад.

Манобеи амниятӣ, ки нахостанд номашон фош шавад, ба Ройтерз гуфтаанд, ки тибқи арзёбиҳои аввалияи онҳо, киштӣ эҳтимолан маводи “истифодаи дугона”-ро интиқол медод.

Мақомоти амрикоӣ металл, қубур ва қисмҳои электрониро дар қатори дигар молҳое номбар кард, ки метавонанд ҳам истифодаи низомӣ ва ҳам саноатӣ дошта бошанд ва онро мусодира кардан мумкин аст.

Яке аз манобеъ гуфт, ки “Туско” пештар низ чунин мавод интиқол додааст, вале ҷузъиёт надод.

Эрон ҳанӯз шарҳ надодааст, ки киштиаш чӣ интиқол медод, танҳо ба гуфтаи низомиёни эронӣ, киштӣ аз Чин меомад.

Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 19-уми апрел дар шабакаи “Truth Social” навишт, ки “Туско” бо далели корҳои ғайриқонунӣ таҳрим шуда буд.

ИМА ва Эрон ҳафтаи гузашта дар Покистон барои хатми низоъ гуфтушунид карданд, вале ба натиҷа нарасиданд. Қарор аст, бори дигар бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Вале Эрон гуфтааст, музокироти зери сояи таҳдидро намепазирад.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG