Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамарӯза нафарони нав зидди Иззат Амон даъво пеш меоранд" - пайвандон


Тарафдорони Иззат Амон боздошти ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, интиқодҳои ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон сабаби аслии боздошташ шудааст
Тарафдорони Иззат Амон боздошти ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, интиқодҳои ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон сабаби аслии боздошташ шудааст

Пайвандони Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ӯ ҳамчунон дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва рӯшан нест, ки қазияи ӯ бо чӣ меанҷомад. Ба қавли онҳо, ҳамарӯза чандин нафари наве бо даъвоҳои худ дар нисбати Иззат Амон аз худ дарак медиҳанд. Мақомот то ҳол дар бораи вазъи саломатии Иззат Амон, ки рӯзи 25-уми март дар Маскав нопадид шуд ва чанд рӯз баъд аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд, маълумоти расмие нашр накардаанд. Наздиконаш гуфтанд, рӯзи 12-уми апрел бо ӯ дар боздоштгоҳ мулоқот кардаанд . "Ӯ рӯҳафтода аст", гуфтанд пайвандон. Ҷузъиёти бештар дар идомаи рӯз нашр мешавад.

То ҳол мақомот дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки Иззат Амон бо гумони қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ва ҳама гуна иддаоҳои тарафдорони ӯро рад мекунанд, ки гуфтаанд, дар асл интиқодҳои ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон сабаби аслии боздошти ӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG