Тибқи гузоришҳо, Словакия аз кишвари дигари аврупоӣ Венгрия кӯмак хоста гуфтааст, ки бастаҳои воксинаҳои русии навъи Sputnik V, ки дар ҳаҷми 200 ҳазор воя ё доза ба Словакия ворид шудааст, аз назари дурустии сифаташон санҷида шавад. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки баъди моҳи март ба Братислава ворид шудани бастаҳои Sputnik V, як пажӯҳишгоҳи тиббии маводи дорувор дар дурустии сифати онҳо шубҳа кардааст. Игор Матович, вазири молияи Словакия рӯзи 9 апрел баъди мулоқот бо вазири хориҷаи Венгрия дар Будапешт дар бораи нақши идораи санҷиши доруҳои Венгрия хабар дод. Венгрия дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо то ҳол ягона давлат аст, ки эмкунии ҳамагонии мардумаш бар зидди COVID-19 бо воксинаи русии Sputnik V ба роҳ мондааст. Ин қарор дар ҳоле иҷро мешавад, ки муфаттишон ё коршиносони идораи санҷиши доруҳои Аврупо ҳанӯз санҷиши амният ва фоиданокии Sputnik V-ро ба анҷом нарасонидаанд. Масъалаи дигар ин нигарониҳои ахлоқӣ аз санҷишҳои клиникии Sputnik V дар Русия мебошад.
Рӯзи 8-уми апрел Русия талаб кард, ки Братислава тамоми бастаҳои воксинаи Sputnik V-ро баргардонад. Ин талаб баъди он садо дод, ки идораи санҷиши дорувори Словакия гуфт, вояҳои ба ин кишвар овардашудаи воксинаи Sputnik V аз онҳое, ки мавриди санҷиши Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтаанд, фарқ мекунанд. Словакия ҷониби Русияро дар вайрон кардани шароити созишнома айбдор кард. Бархе кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, барои қабул ва эмкунии аҳолиашон бо Sputnik V омода ҳастанд, вале то он замон ризоияти Оҷонсии дорувори Аврупоро интизор мешаванд. Виктор Орбан, нахуствазири Венгрия, ки як мунаққиди сиёсати пандемияи Аврупо мебошад, садҳо ҳазор вояи Sputnik V-ро аз Русия ворид кардааст.