Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон ваксинаи русии "Спутник V"-ро гирифт


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ваксини русии зидди коронавирус "Спутник V" гирифт. Дар ин бора маркази матбуотии президенти Қазоқистон рӯзи 6 апрел хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки Тоқаев дар як ҷаласаи ҳукуматаш дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, танҳо бо ваксинаи истеҳсоли Қазоқистон зидди коронавирус худро эм хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки Тоқаев чаро тасмимашро иваз ва бо ваксинаи русӣ худро эм кардааст. Маркази матбуотии президенти Қазоқистон хабар дод, ки вазъи Тоқаеви 67-сола баъди ваксиназанӣ "хуб" аст ва воксин "таъсири манфӣ ба бор наовардааст".

Дар Қазоқистон ваксиназании умумии сокинон идома дорад. Дар он кишвар дар ҳоли ҳозир ваксинаи маҳаллии "QazCOVID-in" дар марҳилаи ниҳоии озмоиш қарор дорад. Сокинон Қазоқистон бо ваксини русии "Спутник V" эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ҳафтаҳои охир теъдоди гирифторони вабои коронавирус дар ҳоли афзоиш аст.

XS
SM
MD
LG