Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2020 шумораи муҳоҷирон дар Русия ду баробар кам шуд


Муҳоҷирони корӣ дар Русия.
Муҳоҷирони корӣ дар Русия.

Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар Русия кор мекунанд, дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 ҳудуди 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба маркази матбуотии ВКД Русия хабар додааст.

Соли гузашта аз сӯи хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар Русия фаъолият кардаанд ҳудуди 41 ҳазор қонуншиканӣ сабт шудааст. Вазорати корҳои дохилии ин кишвар гуфтааст, ҳамчунин шумораи қонунвайронкунии вуруд ва низоми будубош дар кишвар низ ду баробар кам шудааст. Дар маҷмӯъ, соли гузашта беш аз 204 ҳазор қонуншиканӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 51 дарсад камтар аст.

Соли 2020 шумори муҳоҷирон дар Русия ду баробар коҳиш ёфта, 6,3 миллион нафарро ташкил додааст, дар ҳоле, ки солҳои аз ин пеш дар Русия аз 9 то 11 миллион муҳоҷири хориҷӣ бо кор машғул будааст. Ин коҳишёбиро мақомот ба паҳншавии бемории СОВИД-19 ва маҳдудиятҳои сафар ба ин кишвар рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG