Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Ашраф Ғанӣ унвони доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дода мешавад


Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон субҳи 29-уми март дар раъси як ҳайати баландпоя ҷиҳати ширкат дар нуҳумин Конфронси вазирони "Қалби Осиё -Раванди Истанбул", вориди Тоҷикистон шуд. Ин ҳамоиш рӯзи 30-юми март дар Душанбе доир мешавад.

Ашраф Ғанӣ пас аз расидан ба Душанбе, бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар "Қасри Миллат" мулоқот кард.

Тибқи иттилои расмӣ, Ашраф Ғанӣ дар ин сафари дурӯза бар иловаи иштирок ва суханронӣ дар ин ҳамоиш, бо Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва Маҳмадтоир Зокирзода, раиси порлумони Тоҷикистон низ мулоқот мекунад ва дар мавриди густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, гуфтугӯ менамояд.

Ҳамчунин суханронии раиси ҷумҳури Афғонистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст. Дар назар аст, ки аз сӯи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Ашраф Ғанӣ унвони доктори ифтихории ин донишгоҳ дода шавад.

Ашраф Ғанӣ бори ахир дар тобистони соли 2017 ба Тоҷикистон сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG