Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен сафарашро ба Аврупо анҷом дод


Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 25-уми март дар фарҷоми сафари серӯзааш ба Брюссел аз аҳамияти ҳамкориҳои миёни муттафиқон сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, ки ба мулоқоти мақомоти Иттиҳоди Аврупо бо “ин андеша дар сар сафар кард, ки ИМА ба барқарории нави шарикиву ҳамкориҳо ӯҳдадор аст”. Ӯ гуфт, ҳоло ба хотири раҳоӣ аз чолишҳо робитаҳо бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупо имрӯз аз гузашта бештар ҳам муҳим мебошанд. Сафари нахустини Котиби давлатии маъмурияти Байден ба Аврупо бо ҳадафи таъкид ба аҳамияти Иттиҳоди Аврупо дар чашми ИМА мебошад, чун дар давраи президенти собиқ Доналд Трамп робитаҳо хеле ҳамкориҳо кам шуд.

XS
SM
MD
LG