Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсияти нафаре, ки 10 касро дар Колорадо кушт, маълум шуд


 Аҳмад Ал-Аливӣ Ал-Иссо - акс аз полиси Колорадо
Аҳмад Ал-Аливӣ Ал-Иссо - акс аз полиси Колорадо

Мақоти амрикоӣ гуфтанд, ки шахсияи марди гумонбар дар куштори гурӯҳии 10 нафар дар Колорадо маълум шудааст. Дар паи тирандозии рӯзи 22-юми март дар шаҳри Боулдери Амрико полис як нафари гумонбар дар ин куштор – Аҳмад Ал-Аливӣ Ал-Иссоро боздошт кард, ки 21-сола мебошад. Ӯро ба беморхона барои дармони ҷароҳатҳояш бурда, 23-юми март ба боздоштгоҳ интиқол доданд.

Мақомот ҳанӯз сабабҳои ин ҳамларо шарҳ намедиҳанд. Кушташудаҳо 20 то 65 сол доштанд, дар миёни онҳо як ходими полис ва як падаре ҳам буд, ки 7 фарзанд дошт. Мақомот гуфтанд, ки Ал-Иссо аз канораҳои шаҳри Арвадаи Денвер буд ва дар Сурия таваллуд шуда баъдан ба ИМА барои зиндагӣ рафт.

Дар санадҳои додгоҳӣ дида мешавад, ки ӯ як ҳафта пеш аз ҳамла силоҳе харид.

Дар изҳороташ президент Ҷо Байден ходими полисеро ситоиш кард, ки дар ин ҳодиса яке аз аввалинҳо шуда ба кӯмак шитофту кушта шуд. Президент бори дигар ба манъи фурӯши озоди силоҳ дар ИМА даъват кард.

Тирандозӣ дар Боулдер як ҳафта баъди он рух дод, ки дар шаҳри Атлантаи аёлати Ҷорҷиа дар як тирандозии оммавӣ дар макони масҳ ё массажи тиҷоратӣ ҳашт нафар, аз ҷумла, шаш зани осиёитабор кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG