Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ва муовинаш пас аз ҳамлаҳои Атланта ба дилҷӯии наздикони қурбониён мераванд


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден ва ноиби ӯ Камала Ҳаррис рӯзи 19-уми март ба Атланта дар Ҷорҷия сафар хоҳанд кард. Қарор аст, онҳо пуштибонии худро аз Ҷамъияти Осиё-Амрико пас аз кушта шудани 6 зани осиёӣ дар тирандозиҳо дар истироҳатгоҳ ё курортҳои ин шаҳр ва атрофи он баён кунанд. Аз ҳашт кушташудаи ҳодисаҳои тирандозӣ, 6 нафари онҳо занони аслашон аз Осиё буданд.

Байден ҳамчунин ба хотири эҳтиром ба қурбониёни тирандозиҳои рӯзи 16-уми март дастур дод, ки парчамҳои кишвар дар ҳама биноҳои ҳукумати федералӣ дар дохил ва хориҷ аз Амрико нимаафрошта шаванд.

Байден ва Ҳаррис бо раҳбарони ҷамъияти осиё-амрикоӣ мулоқот мекунанд, то дар бораи ҳамлаҳо ва таҳдидҳо алайҳи онҳо гуфтугӯ кунанд.

Тарафдорони ҳуқуқи шаҳрвандӣ афзоиши хушунат алайҳи амрикоиҳои аслашон аз Осиёро ба бемории КОВИД-19 муртабит медонанд, ки саргаҳи он Чин аст. Онҳо ба ибораҳои "вируси чинӣ" ва "вабои чинӣ" ишора мекунанд, ки аз сӯи бархе аз амрикоиҳо, аз ҷумла раиси ҷумҳури пешин Доналд Трамп истифода мешуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Атланта мегӯянд, ҳамлавар зоҳиран ин занонро барои он ҳадаф қарор надодааст, ки онҳо осиёӣ буданд. Аммо муфаттишон ҷанбаи нажодпарастонаи қазияро рад накардаанд.

Гумонбар Роберт Аарон Лонг бо ҳашт моддаи куштор айдор карда мешавад. Ҷавони 21-солаи сафедпӯст ба муфаттишон гуфтааст, ки муътодӣ ба робитаи ҷинсӣ ӯро ба зӯроварӣ водор кардааст.

XS
SM
MD
LG