Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар фиристодаанд


Муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2020 танҳо аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд.

Бонки Марказии Русия рӯзи 16-уми март омори пулҳои фиристодаи шахсони воқеиро ба хориҷа нашр кард ва дар он гуфтаанд, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристоданд. Ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

Соли 2019 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар фиристода буданд, ки тақрибан ба 30 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) дар Тоҷикистон баробар буд.

Эълони омори пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки Бонки Миллии Тоҷикистон чанд сол боз маблағи фиристодаи муҳоҷиронро пурар ифшо намекунад.

Дар нишасти охири хабарии ин ниҳод гуфта шуд, андозаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон дар соли 2020, бинобар пандемия, беш аз 6 дарсад коҳиш ёфт.

Аз омори эълонкардаи Бонки Марказии Русия бармеояд, ки ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон ҳудуди 30 дарсад кам шудааст.

Бино бар хуруҷи бемории коронавирус, Русия марзҳои худро баст ва бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик барои кору зиндагӣ ба он кишвар рафта натавонистанд.

XS
SM
MD
LG