Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская аз се зиндонии сиёсӣ хост, гуруснанишиниро бас кунанд


Хабарнигор Игор Лосик яке аз он зиндониҳост, ки даст ба гуруснанишинӣ задааст
Хабарнигор Игор Лосик яке аз он зиндониҳост, ки даст ба гуруснанишинӣ задааст

Светлана Тихановская, раҳбари мухолифон дар Беларус, аз се зиндонии сиёсӣ хостааст, ба гуруснанишинии худ алайҳи боздошту саркӯби эътирозгарон хотима диҳанд.

Ӯ рӯзи 14-уми март дар як паёми видеоӣ хитоб ба журналист Огор Лосик, мусиқинавоз Игор Банстер ва фаъоли ҷамъиятӣ Дмитрий Фурманов гуфт, Беларус наметавонад онҳоро аз даст бидиҳад.

"Шумо бо гуруснанишинӣ ҷони худро дар хатар мегузоред, вале мо, беларусҳо, Шуморо аз даст дода наметавонем. Азизони Шумо, волидону фарзандонатон ба Шумо ниёз доранд. Беларус ба Шумо эҳтиёҷ дорад", -- афзуд Тихановская.

Тихановская гуфт, тамоми талошро ба харҷ медиҳад, то “садҳо сокини бегуноҳи Беларус” аз пушти панҷара раҳо шаванд. Ӯ гуфт, дар мулоқоти ҳафтаи гузашта бо мақомоти аврупоӣ аз онҳо хостааст, дар посух ба зиндонӣ кардани фаъолон ба зидди мақомоти Беларус таҳрими бештар ҷорӣ кунанд.

Эътироз аз натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми августи соли 2020 дар Беларус идома дорад. Мақомот дар посух аз саркӯбу хушунат кор гирифта, ҳазорҳо нафарро ба зиндон андохтаанд. Фаъолони ҳуқуқ аз шиканҷа ва марги боздоштшудаҳо ибрози нигаронӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG