Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА барои иҷозати воксинаи Johnson & Johnson омода мешаванд


Ширкати азими дорусозии Johnson & Johnson аз мақомоти дахлдори ИМА дархост кард , ки воксинаи сохтаи он бар зидди COVID-19-ро ба таври изтирорӣ сабтином кунад. Агар ин воксина иҷозат дода шавад, ширкати сеюм дар Амрико мешавад, ки воксинааш барои истифода иҷозат дода мешавад. Як бартарии воксинаи ин ширкат дар он аст, ки ба фарқ аз воксинаҳои Pfizer/BioNTech ва Moderna, шарт нест, ки дар ҳарорати сард нигаҳдорӣ шавад ва на аз ду, балки як дафъа сӯзанзанӣ иборат аст. Johnson & Johnson гуфт, ки озмоишҳои ҷаҳонӣ собит кард, ки воксина дар озмоишҳои ҷаҳонӣ нишон дод, ки дар 66 дарсади ҳолатҳо тавони пешгирӣ аз уфунат ё инфексияи сатҳи миёна то сангинро доштааст. Ҳамакнун бояд Идораи ғизову дорувори ИМА тасмим гирад, ки ин воксинаро барои истифода иҷоза медиҳад ё на. Айни чунин аризаро Johnson & Johnson ба мақомоти аврупоӣ ҳам ирсол кардааст.

XS
SM
MD
LG