Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раванди интихоби президенти Эрон чист ва номзадҳо кистанд?


Марги Иброҳим Раисӣ дар миёнаи давраи президентиаш, боиси оғози раванди баргузории интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон шудааст. Ин барои чандумин бор аст, ки низоми сиёсии Эрон пас аз инқилоби соли 1979 бо чунин вазъияте рӯбарӯ мешавад.

Банди 131-и Қонуни асосии Эрон мегӯяд, дар сурати фавт, барканорӣ, истеъфо, нопадид шудан ё бемории беш аз ду моҳи раиси ҷумҳур ва ё дар мавриде, ки муддати раёсати ҷумҳурӣ поён ёфта ва раиси ҷумҳури нав бар асари монеаҳо ҳанӯз интихоб нашуда ва ё умури дигаре монанд ба ин, муовини раиси ҷумҳур бо мувофиқати раҳбарӣ, ихтиёрот ва масъулиятҳои вайро бар ӯҳда мегирад".

Ҳамчунин бар асоси ҳамин қонун, шӯрое иборат аз раиси порлумон, раиси Додгоҳи олӣ ва муовини аввали раиси ҷумҳур вазифадор аст, ки заминаҳоро барои интихоби раиси ҷумҳур дар панҷоҳ рӯз фароҳам кунад.

Муҳаммад Мухбир, ҳамакнун муовини авали раиси ҷумҳури Эрон аст ва бо мувофиқати Алии Хоманаӣ, масъулиятҳои Иброҳим Раисиро ба ӯҳда гирифтааст.

Як рӯз баъд аз марги Иброҳим Раисӣ, мақомоти Эрон эълон карданд, ки рӯзи 28-уми июни имсол дар он кишвар интихоботи президентӣ баргузор мешавад.

Марги Раисӣ фурсатро барои ду ҷиноҳи ба истилоҳ "усулгаро" ва "миёнаравҳо" барои муаррифии номзадҳои худ фароҳам мекунад.

Дар миёни аъзои ҳукумати кунунии Ҷумҳурии исломӣ, эҳтимоли номзадии Муҳаммад Мухбир аз ҳама бештар аст, зеро ӯ 50 рӯз фурсат дорад, ки худро дар мақоми шахси дувуми кишвар нишон диҳад.

Мухбир дар солҳои гузашта дар Бунёди мустазъафини Инқилоби исломӣ аз ниҳодҳои зертобеи дафтари раҳбари Ҷумҳурии исломӣ рушд кард ва боварии Алии Хоманаиро ба худ дорад.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси феълии порлумони Эрон аз дигар номзадҳои эҳтимолӣ хоҳад буд. Ӯ пештар чандин бор талош карда буд, то бо номзадӣ дар интихоботи президентӣ, ба ин мақом бирасад, аммо ҳар бор ба сабабҳое ноком шуд.

Дар даруни порлумон Қолибоф бо мухолифатҳое дар ҷиноҳи усулгаро рӯбарӯ аст ва мумкин аст ифшогариҳо алайҳи ӯ ба ҳадафи пешгирӣ аз номзадии ӯ дар интихоботи президентӣ бештар шавад.

Дар байни миёнаравҳо Ҳасани Рӯҳонӣ ва Муҳаммадҷавод Зариф метавонанд аз номзадҳои эҳтимолӣ бошанд.

Аммо ахиран Шӯрои нигаҳбон салоҳияти Ҳасан Рӯҳониро дар интихоботи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ рад кард ва Рӯҳонӣ низ дар номае шадид ба ин масъала эътироз кард.

Пеш аз Рӯҳонӣ, Шӯрои нигаҳбон ҳамчунин салоҳияти Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини порлумони Эрон дар интихоботи пешини президентиро рад карда буд.

Алӣ Лориҷонӣ пас аз радди салоҳияташ дар интихобот, чандин бор аз Шӯрои нигаҳбон хост, ки сабабҳои радди салоҳияташро ба таври умумӣ эълон кунад, вале ин Шӯро танҳо дар номае маҳрамона мавридеҳоеро ба ӯ хабар дод. Чанд вақт пас, матни он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Ҳамчунин пешбинӣ мешавад Муҳаммадҷавод Зариф, низ бо душвориҳое монанди Ҳасани Рӯҳонӣ ва Алӣ Лориҷонӣ дар Шӯрои нигаҳбон рӯбарӯ шавад.

Пешбинӣ мешавад, ки Муҳсин Ризоӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон ҳам аз ҷумлаи номзадҳо бошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG