Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литва мақоми паноҳандагии фаъоли боздоштшудаи тоҷикро бекор кардааст


Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсии тоҷик
Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсии тоҷик

Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсии тоҷик аз мақомоти Литва хостааст, ки мақоми паноҳандагии ӯро барқарор намуда, аз ихроҷаш ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Мақомоти амниятии Литва рӯзи 5-уми апрели имсол ӯро боздошт ва бо далели “хатар ба амнияти миллӣ” Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар ҳаққи паноҳандагии ӯро бекор кардааст. Ҳоло Сулаймон Давлатов дар Боздоштгоҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Вилнюс нигаҳдорӣ мешавад ва ӯро хатари ихроҷ ба Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Ҳоло ӯ аз қарори Хадамоти муҳоҷират ба додгоҳ муроҷиат кардааст ва умедвор аст, ки дубора ҳаққи паноҳандагиаш дар Литва барқарор мешавад. Қарор аст, шикояти ӯро додгоҳ аввали моҳи июн баррасӣ кунад.

Сулаймон Давлатов рӯзи 20-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти ду моҳ ҳеч мақоме шарҳ надод, ки чаро бо ӯ чунин рафтор шудааст.

“Фақат кормандони Хадамоти муҳоҷират дар миёнаҳои моҳи апрел омаданд ва дар бораи иштирокам дар як ҳамоиш ба пуштибонии Фаластин дар Вилнюс пурсиданд. Бале, ман дар ин ҳамоише, ки иҷозати расмӣ дошт, иштирок кардам, аммо на ба хотири ҳимоят аз кадом гурӯҳи террористӣ. Ман алайҳи ҷанг ширкат кардам ва ба хотири пуштибонӣ аз мардуми одӣ ва кудакони зиёде, ки дар ин ҷанг кушта шуданду ҷабр мебинанд. Ман намехоҳам, ки кудакон чӣ дар Исроил, чӣ дар Фаластин ва Украина кушта шаванд. Дар бораи ҳамлаи Эрон ба хоки Исроил пурсиданд. Гуфтам, ки зидди ҳамагуна ҷанг ҳастам. Баъдан дар бораи ҷанги Русия бо Украина пурсиданд. Ман гуфтам, ки дар ҳамоишҳои зидди Русия ба тарафдории Украина иштирок кардаам,”—гуфт ӯ.

Сулаймон Давлатови 37-сола, сокини шаҳри Ваҳдат соли 2015 аз Тоҷикистон фирор кардааст ва соли 2016 ба ӯ дар Литва мақоми паноҳандагӣ додаанд.

Соҳиби се фарзанд аст.

Дар гузашта узви “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон буд. Нӯҳ сол боз дар Вилнюс кору зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи шахсони наздикаш, ӯ дар маркази Литва ошхона, дӯкон ва нонвойхона дорад. Ӯ мегӯяд, давоми ду моҳи боздошт тиҷораташ зиён дидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG